«Бовар дорам, ки то ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон 30 - солагии истиқлолияти давлатӣ мо боз корҳои зиёди бунёдгаронаро амалӣ мекунем, тамоми захираву имкониятҳоро барои бунёди корхонаҳои хурду бузург сафарбар менамоем, барои ҳамватанонамон ҷойҳои нави корӣ муҳайё месозем ва сатҳи некӯаҳволии халқамонро боз ҳам беҳтар мегардонем».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯз, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва шиносойи аз рафти сохтмонҳои иншоотҳои ҷашнӣ, бахшида ба ҷашни бошукӯҳи миллӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин бо масъулин соҳа, аз рафти сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ дидан намуда, ҷиҳати дар муҳлатҳои муайяншуда ва дар сатҳи баланди меъмориву шаҳрсозӣ бунёди онҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Бояд қайд намуд, ки имрӯзҳо новобаста аз боду ҳаво, дар тамоми иншоотҳои ҷашнии ноҳия, корҳои сохтмонӣ бо маром рафта истодааст.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён