“Миллати мо аз қадим баробари он, ки шаҳрсозу шаҳрдор буд, ободгару заминдор низ буд”.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати созандаю ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва омодагиҳо ба истиқболи ҷашни бошукӯҳи миллӣ, 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз аз субҳи барвақт бо иштироки роҳбарият ва колективҳои меҳнатии тамоми ташкилоту идораҳои ноҳия барои шинонидани гулҳои ороишӣ, дар майдони Парчам ва Нишони давлатӣ, инчунин майдонҳои назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарҷамъ шуда, беш аз 3 ҳазору 300 гулҳои ороишии садбарг шинониданд. Имрӯзҳо ноҳияи Кӯшониён, дар баробари дигар шаҳру навоиҳои кишварамон рӯ ба ободонӣ ниҳода, рӯз аз рӯз ободу зебо гашта истодааст. Ҳамин аст, ки дар маркази ноҳия бо ташаббуси соҳибкорони ватандӯст, чандин иншоотҳои маишию хизматрасони ба истифода дода шудааст, ки боз симои ноҳияро зиннати дигар мебахшад. Ҳар рӯзи шанбе тибқи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сокинони ноҳия бо як рӯҳияи баланди ватандӯстию ободкорона ба шинонидани ниҳол ва гулу буттаҳо, тозаю зебо гардонидани кӯчаю хиёбонҳои шаҳараку деҳот мебароянд.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён