Кӯшониён: Баргузории Шӯрои рушди маориф

      Имрӯз, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и ноҳия, таҳти роҳбарии Д.Шукруллозода, раиси Шӯро, муовини раиси ноҳия, К.Нурмаҳмадзода, мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бо иштироки аъзоёни Шӯро ва сарварони муассисаҳои таълимӣ ва мудирони боғчаҳо, ҷаласаи Шӯрои рушди маорифи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳия баргузор гардид. Шӯрои мазкур, барои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, муассисаю ташкилотҳо, ҷамъиятҳои таълимӣ ва касбӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва сиёсӣ барои рушди кӯдак, оила, мактаб ва ҷомеа таъсис дода шудааст. Мақсад аз баргузории Шӯро, ин пеш аз ҳама амалисозии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои саривақтии қарору барномаҳое, ки марбут ба соҳаи маориф таҳия ва қабул гардидаанд мебошад. Кори Шӯрои рушди маорифи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, аз рӯи 3 масъала доир гардид. Аз руи масъалаи якум, директори маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, доир ба рафти қарори раиси ноҳия “Дар бораи Барномаи рушди нерӯ ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи соли 2020” баромад намуда гуфт, ки имрӯзҳо ҷавонону наврасони ноҳия, дар чандин озмунҳои зеҳнӣ ва олимпиядҳои сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзида ҷойҳои сазоворо мушарраф мегарданд. Ҳамзамон аз рӯи масъалаи дуюми Шӯро Б. Толибов, мушовири фанни забони русии шуъбаи маорифи ноҳия оид ба иҷрои қорори раиси ноҳия аз 16 соли августи 2014, таҳти №467, “Дар бораи тасдиқи нақша чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷуҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 ” баромад намуд. Аз рӯи масъалаи сеюм бошад, Бону Сатторова, мушовири доир ба рафти иҷрои қарори раиси ноҳия аз 1 феварали соли 2011, таҳти №41 “Дар бораи тасдиқи Консепсияи раҳнамои касбии хонандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, барои солҳои 2010-2020 суханронӣ намуд. Ҳамзамон дар кори Шӯро, рафти зимистонгузаронии муассисаҳои таълимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид гардид, ки барои бе мушкилӣ паси сар намудани фасли сармо тамоми чораҳои зарурӣ андешида шавад. Дар фарҷоми Шуро, баҳри дар амал татбиқ намудани фармону қарорҳои қабул гардида ва ҷонок намудани кори Шӯро ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

1_2.jpg 3_38.jpg 4_19.jpg 

Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.