Имрӯз, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия машварати назоратӣ, таҳти роҳбарии Вализода Икромиддин Сироҷидин, раиси ноҳия, бо иштироки Собирзода Нуралӣ, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрмуҳаммадзода Шермаҳмад ва Исозода Диловаршоҳ намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо муовинон ва мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия доир гардид. Дар кори машварат дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 15 декабри соли равон, дар Қасри миллат баён гардиданд, аз ҷумла масъалаҳои муҳимму рӯзмара таъмини намудани аҳолӣ бо нерӯи барқ ва маводи ғизоӣ, сарфакорона истифода намудани нерӯи барқ, сари вақт ҷамъоварии маблағӣ истифодаи нерӯи барқ, вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ, ҷоннок намудани гурӯҳои корӣ дар маҳал, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва ёрирасон, суръат бахшидани кишти тирамоҳи ва омодагиҳо ба кишти баҳорӣ, омодагиҳои ҳамаҷониба ба таҷлили сазовори ҷашни бузурги миллӣ 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид гардид, ки вобаста ба вазъи имрӯзаи захираҳои обии кишвар дар фасли зимистон бояд ҳар як оила ташкилоту муассисаҳо ва корхонаву коргоҳо сарфи назар аз шакли моликият, низоми истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва пешгирӣ кардани исрофкории онро риоя намоянд. Дар фарҷоми кори, машварат раиси ноҳия ва муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар масъулинро вазифадор намуданд, ки оид ба супоришҳои дар боло зикргардида, тамомаҳои чораҳои зарурӣ андешанд.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён