Имрӯз, дар доираи сафари кории Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба вилояти Хатлон, дар ноҳияи Кӯшониён сараввал аз рафти кишти картошка, дар хоҷагии “Маданият”-и Ҷамоати деҳоти С.Истиқлоли ноҳия дидан намуданд. Сарвазири мамлакатро дар сафари кории худ, Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ва роҳбарияти ноҳия ҳамраҳӣ менамуданд. Кишти картошка дар хоҷагии мазкур, бо риояи технологияи кишт ба роҳ монда шудааст.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён