Боздиди Қоҳир Расулзода, Сарвазири мамлакат, Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ва роҳбарияти ноҳия аз рафти сохтмони мактаби замонавии 4 ошёна, дар деҳаи Обшорони Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳия. Бинои муассисаи мазкур аз толори варзишӣ, толори маҷлисгоҳ, синфхонаҳои фаннӣ, майдони варзишӣ ва таҷҳизоти гармидиҳии мустақил иборат буда, барои 1240 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Дар ҳаминҷо Сарвазири мамлакат бо фаъолон ва сокинони Ҷамоати деҳоти мазкур суҳбати самимӣ намуда, оид ба дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро оид ба вусъати корҳои ободонӣ, самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва ёрирасон, сарфакории қувваи барқ дар фасли сармо ва сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдрас гардиданд.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён