Кӯшониён: Аёдати собиқадорони ҷангу меҳнат аз тарафи роҳбарияти ноҳия

      “Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба масъалаи ғамхорӣ дар ҳаққи маъюбон ва оилаҳои иштирокчиёни ҷанг эътибори ҷиддӣ зоҳир карда, ин иқдомро то имрӯз идома дода истодааст”.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

         Имрӯз, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгириҳо ва ғамхориҳои пайвастаи собиқадорони ҷангу меҳнат, аз тарафи роҳбарияти ноҳия собиқадори ҷангу меҳнат Бобоев Ҳомид, ки имрӯз ба синни 100 солагӣ қадам ниҳоданд ва Ғуломова Сафармоҳ собиқадори меҳнат, ки ба синни 105 солагӣ расидаанд аёдат гардида, бо онҳо суҳбати самимӣ намуданд. Раиси ноҳияро ҳамзамон Сафар Ҳалимов, раиси собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия ҳамраҳӣ менамуданд. Бояд қайд намуд, ки Бобоев Ҳомид ягона дар ноҳия собиқадори ҷанги солҳои 1941-45, ки имрӯз дар қайди ҳаёт буда, бо фарзандон ва наберагону аберагон даврони пирӣ меронанд. Бобоев Ҳомид соҳиби 9 фарзанд, 52 набера, 43 абера мебошанд.

        Ғуломова Сафармоҳ, ки ба синни 105 расидааст, қайд намуд, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар баробари родмардони тоҷик, ҳамчунин, занону куҳансолон ва наврасони кишварамон дар ақибгоҳ шабонарӯзӣ заҳмат кашида, дар таъмини афсарону сарбозон бо маводи ғизоӣ, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ кумак мерасониданд ва саҳми шоистаи худро барои наздик овардани ғалаба мегузоштанд. Ғуломова Сафармоҳ, айни замон соҳиби 6 фарзанд, 40 набера ва 60 абера мебошад. Имрӯзҳо, дар гирди атрофи хешовандон даврони пирии пурбаракати худро меронад. Ҳамзамон, ба ҳар ду собиқадорони ҷангу меҳнат аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия шириниҳо ва маводҳои ғизоӣ кӯмак расонида шуд. Пирони рӯзгордида, дар таваҷҷуҳӣ ҳамешагии табибони ноҳия қарор дошта, бо тамоми доруворӣ таъмин мебошанд. Собиқадорон, барои аёдат ва ғамхориҳои пайваста миннатдории худро ба Пешвои муаззами миллат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия расонида, ба роҳбари давлат ва баҳри ояндаи дурахшони ватани азизамон дуои нек намуданд.

5_17.jpg 6_20.jpg 8_19.jpg 11_27.jpg 

Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.