Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, таҳти Раёсати Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳия, Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо фаъолони ноҳия машварати корӣ доир гардид. Дар кори машварат дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 15 декабри соли равон, дар Қасри миллат ба аъзои нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардиданд, вобаста ба фасли сармо таъмин намудани аҳолӣ бо нерӯи барқ ва маводи ғизоӣ, сарфакорона истифода намудани нерӯи барқ, сари вақт ҷамъоварии маблағӣ истифодаи нерӯи барқ, вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ, рафти зимистонгузаронӣ, ҷоннок намудани гурӯҳҳои корӣ дар маҳал бобати сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки заминзҳои наздиҳавлигӣ ва ёрирасон, суръат бахшидани кишти тирамоҳи ва омодагиҳо ба кишти баҳорӣ, омодагиҳои ҳамаҷониба ба таҷлили сазовори ҷашни бузурги миллӣ 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ, тамоми роҳбарият ва фаъолони ноҳияро вазифадор намуданд, ки корҳои таблиғотию ташвиқотиро бобати самаранок истифодабатии қувваи барқ, вусъати корҳои ниҳолшинонӣ, корҳои ободонию созандагӣ, тозагии ободонии маҳаллаҳои аҳолинишин, кӯчаю хиёбонҳо ва сохтмони иншоотҳои хизматрасонӣ ва иҷтимоӣ, самаранок истифодабарии заминҳои корами обӣ вусъат бахшида, мунтазам ба ситоди ноҳиявӣ маълумоти муфассал пешниҳод намоянд. Ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ, оид ба масъалаи мубрами рӯз, пешгирии бемориҳои сироятӣ ба хусус бемории “Каронавирус” суханронда, масъулини соҳаи тандурустии ноҳия вазифадор гардиданд, ки тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда, корҳои оммафаҳмонӣ ва безараргардониро бештар ба роҳ монанд. Дар фарҷоми вохӯрӣ раиси ноҳия, тамоми фаъолонро бори дигар вазифадор намуданд, ки оид ба супоришҳои дар боло зикргардида, тамоми чораҳои зарурӣ андешанд.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён