Бо мақсади иҷрои қарори раиси ноҳия аз 10 марти соли 2016, №170, қарори раиси вилояти Хатлон аз 9 феврали соли 2016, №30, Дар бораи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №799 ва барқияи телефонии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон аз 05 ноябри соли 2020, №804, санаи 7 декабри соли равон, дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷаласаи ҷамъбастии Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия гузаронида шуд. Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини аввали раиси Комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён оид ба ҳолатҳои фавқулода, муовини аввали раиси ноҳия С.Аҳлидинзода ва муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Салимзода М, муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон полковник Ҳалимов М вабо иштироки муовинон ва аъзоёни Комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба ҳолатҳои фавқулода ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо доир гардид. Дар ҷаласаи мазкур чунин масъалаҳо баррасӣ гардид;
1. Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №199 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони соли 2020-2021».
2.Ҳисоботи Сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи Кӯшониён оид ба самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода дар соли 2020, омодагӣ ва банақшагирии чорабиниҳои пешгирикунанда аз ҳолатҳои фавқулода дар мавсими баҳори соли 2021.
Ҷаласаи кориро муовини аввали Раиси комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён оид ба ҳолатҳои фавқулода Аҳлидинзода Сафар ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд. Баъдан оид ба масъалаи якуми ҷаласа вобаста ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, № 199 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021”, раиси Ситоди ноҳиявӣ оид ба зимистонгузаронӣ муовини раиси ноҳия ба Иброҳимзода Амриддин ҳисобод дод. Қайд гардид, ки ҷиҳати иҷроиши қарори раиси вилояти Хатлон аз 24 апрели соли 2020, №125 «Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020 – 2021», қарори раиси ноҳияи Кӯшониён аз 13 майи соли 2020, № 393 ба тавсиб расид. Дар асоси қарори мазкур ситоди ноҳиявӣ таъсис дода шуда ба фаъолият оғоз намуд. Нақшаи чорабиниҳо аз 24 банд иборат буда, иҷрои бандҳои дахлдор зери назорати масъулин қарор дорад. Дар ташкилоту муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, маориф, барқ, истифодабарии роҳҳо ва дар ташкилотҳои соҳаи саноатӣ захираҳои сӯзишворӣ, ҳезум, маводи зидди лағжиш ба таври зарурӣ захира карда шудааст.
Сипас дар рафти ҷаласа аз тарафи муовини аввали раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулода роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, аз ҷумла сардори МНДРА-и ноҳия, беморхонаи марказии ноҳия, шабакаҳои барқ, шуъбаи маориф мавриди пурсиш ва муҳокимаҳо оид ба масъалҳои эпидемиологӣ ва омодагии соҳаҳои тандурустии ноҳия барои беморони сироятӣ, омодагӣ ба зимистонгузаронии солҳои 2020-2021, захира намудани манбаъҳои моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулода мавриди пурсиш ва муҳокима қарор дода шуд. Доир ба масъалаи дуюми ҷаласа оид ба натиҷаҳои фаъолияти Комиссия дар соли 2020 ва ҷараёни омодагӣ ба чорабиниҳои пешгирикунанда аз ҳолатҳои фавқулода дар мавсими баҳори соли 2021 ҳисоботи муовини раиси Комиссия- сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи Кӯшониён капитан Қуватзода Давлатбек шунида шуд ва вобаста ба чорабиниҳои пешгирикунандаи ҳолатҳои фавқулода дар ҳудуди ноҳия, ки аз тарафи Шуъба ва аҳолии ноҳия гузаронидашуда, тайёрӣ ва омодагии қувва ва воситаҳои зернизоми ҳудуди Низоми ягонаи давлатии ноҳия оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, омӯзиш ва вохӯриҳо бо аҳолии минтақаҳои хавфноки ноҳия гузаронидашуда, чорабиниҳои пешгирикунандаи бемории сироятии коронавирус «COVID-19» ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ маълумоти муфасал дода шуд. Дар муҳокима ва баррасии масъалаи дуюми ҷаласа муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Салимзода Муҳаммадҷон дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, банақшагирии чорабиниҳои пешгирикунандаи ҳолатҳои фавқулода дар ҳудуди ноҳия дар мавсими баҳор, пешгирии ҳодисаҳои садамавӣ дар иншоотҳои саноатӣ ва стратегӣ пешниҳод ва фикру мулоҳизаҳояшонро баён намуданд.
Бо назардошти таклифу пешниҳодҳои баромадкунандагон, ҷаласа қарор кард:
1.Бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода дар мавсими баҳору тобистони соли 2021 дар лоиҳаи Нақша чорабиниҳои пешгирӣ намудани ҳолатҳои фавқулода дар мавсими баҳору тобистони соли 2021 тағйиротҳо дароварда тасдиқ карда шавад.
2.Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳолатҳои фавқулода дар мавсими зимистону баҳори солҳои 2020-2021 қувваю воситаҳо ва техникаҳои мавҷуда дар ҳолати омодабошии доимӣ қарор дода шуда, ҳангоми обу ҳавои номусоид дар минтақаҳои осебпазир навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шуда, аз ҷониби шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳия таҳти назорат қарор дода шавад.
3.Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табии барои солҳои 2019-2030 ба роҳбарӣ гирифта шуда, иҷроиши самтҳои дахлдори он таҳти назорати доимӣ қарор дода шавад.
4.Дар асоси пешниҳоди муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Салимзода М, дар Филиали № 54 БДА “Амонатбонк” дар ноҳияи Кӯшониён “Оид ба ташкил намудани Фонди рафъи ҳолатҳои фавқулода” дархост пешниҳод карда шавад.
5.Аз ҷониби Бахши муҳоҷирони экологи ноҳия шумораи хоҷагиҳое, ки аз минтақаҳои хавфнок ба ҷои бехавф дар солҳои 2021-2023 нақшабандӣ гардидааст, дар ин солҳо ба мавзеъҳои бехавф кӯчонида шаванд.
6.Раёсати молия ҷиҳати пурра гардонидани захираҳои манбаъҳои моддӣ барои пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тибқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2006, таҳти №778 “Оид ба тасдиқ намудани қоидаҳои ташкили захираҳои моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулода” чораҳои зарурӣ андешад.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён