Кӯшониён: Вохӯрии роҳбарияти ноҳия ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо фаъолони Ҷамоати шаҳраки Бохтариён

    Имрӯз, дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 15 декабри соли равон баён гардида буданд, дар толори Донишигоҳи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён, таҳти Раёсати Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳия, Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иштироки роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия бо фаъолони Ҷамоати шаҳраки Бохтариён вохӯрии судманд доир гардид. Сараввал раиси ноҳия оид ба фаъолияти аҳли ҷамоатчигӣ ва рафти корҳои ободонию созандагӣ, бунёди иншоотҳои ҷашнӣ, рафти кишти тирамоҳӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба ҷамоати мазкур маълумот пешниҳод намуданд. Қайд гардид, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Ҷамоат 52 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 48 адад яъне 90 фоизи он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Сипас сухан ба намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд. Имомзода Муҳаммадюсуф дар суханронии худ, оид ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Маҷлиси навбатӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардиданд ёдрас шуда, ба ҳозирин муроҷиат намуданд, ки дар масъалаи бемории сироятии Каронавирус боз ҳам эҳтиёркор буда, дар ҳама ҷойҳои ҷамъиятӣ тадбирҳои беҳдоштӣ риоя карда шавад. Дар ин масъала боз ҳам корҳои оммафаҳмонӣ вусъат бахшида шавад, таъкид намуд Имомзода Муҳаммадюсуф. Ҳамзамон Имомзода Муҳаммадюсуф оид ба сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ, самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва ёрирасон, вусъати кишти тирамоҳӣ ва омодагиҳо ба кишти баҳорӣ, ҷоннок намудани тарғибу ташвиқи гурӯҳои корӣ дар масъалаи сарфакорона истифодабарии қувваи барқ ва аёдати эҳтиёҷмандон ва шахсони имконияташ маҳдуд дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Раиси ноҳия қайд намуданд, ки мардуми сарбаландӣ ноҳияи Кӯшониён, аз ҷумла сокинони Ҷамоати мазкур, баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамоми чораҳои судмандро андешида, ҷашнӣ ифтихори миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас пешвоз мегиранд. Дар фарҷоми вохӯрӣ аз тарафи роҳбарияти ДЭТ ба Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси ноҳияи Кӯшониён, бахшида ба “Рӯзи энергетикони Тоҷикистон”, Сипосномаи Донишгоҳи энергетикии Тоҷикистон супорида шуд. Ҳамзамон ба Ректори Донишгоҳи энергетикии Тоҷикистон Исозода Диловаршоҳ, барои ҳамкориҳои дуҷониба ва иштирок намудан дар корҳои ҷамъиятию сиёсӣ, Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар вазъияти тантанавӣ, аз тарафи раиси ноҳия супорида шуд.

2_39.jpg 3_43.jpg 4_23.jpg 5_18.jpg 7_19.jpg 8_20.jpg 9_11.jpg 

Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.