Имрӯз, дар доираи сафарии кории худ ба ноҳия, Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар якҷоягӣ бо роҳбарияти ноҳия 2 нафар шахсони имконияташ маҳдуди Ҷамоати шаҳраки Бохтариёнро аёдат намуданд. Сараввал меҳмони гиромиқадр ва раиси ноҳия аз шароити зиндагонии Бибизулфия Бобомуродоваро, ки дар хона таълим мегирад ва имконияташ маҳдуд аст дидан намуда, ба ӯ аробачаи махсус, шириниҳо ва маводҳои ғизоӣ кӯмак расониданд. Аз дониши Бибизулфия Бобомуродова раиси ноҳия ва Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хушҳол гардида, ба масъулин супориш дода шуд, ки ба ӯ китобҳои дарсӣ ва ҳам дар шакли электронӣ бо таҷҳизоти зарурӣ расонида шавад. Бибизулфия Бобомуродова, аз ин иқдоми меҳмонон хурсанд гашта, миннатдории самимии худро баён намуд. Сипас дар ҳамин Ҷамоат аз вазъи зиндагонии Илҳомҷон Абдураҳмонов, ки имконияташон маҳудуд аст дидан намуда ба ӯ низ шириниҳо ва маводҳои ғизоӣ кӯмак расонида шуд. Ҳамзамон ба масълини Ҷамоати шаҳраки Бохтариён дастур дода шуд, ки мунтазам табибони минтақавӣ аз вазъи саломатии Бибизулфия Бобомуродова ва Илҳомҷон Абдураҳмонов ҳамаруза хабардор гашта, бо дорувории зарурӣ таъмин карда шаванд.
Хадамоти матбуотии Раиси ноҳияи Кӯшониён