Имрӯз, Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар идомаи сафари кории худ ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 15 декабри соли равон баён гардида буданд, дар Ҷамоати шаҳраки Бустонқалъа, таҳти Раёсати Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳия, Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иштироки роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия бо фаъолони Ҷамоати шаҳраки Бустонқалъа вохӯрӣ доир намуданд.
Вохӯриро раиси ноҳия кушода, мақсад аз баргузории ҷамъомадро ва масъалаҳои барассшавандаро ба ҳозирин мушаххас баён намуданд. Дар вохӯрии мазкур низ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Маҷлиси навбатӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардиданд ёдрас шуда, оид ба сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ, самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва ёрирасон, вусъати кишти тирамоҳӣ ва омодагиҳо ба кишти баҳорӣ, ҷоннок намудани тарғибу ташвиқи гурӯҳои корӣ дар масъалаи сарфакорона истифодабарии қувваи барқ ва аёдати эҳтиёҷмандон ва шахсони имконияташ маҳдуд дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар фарҷоми вохӯрӣ иштирокчии озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” Ҷаборова Мадинаи 7 сола, хонандаи МТМУ-и рақами 70 ноҳия, ки дар номинатсияи афсонаҳои кӯдакона сазовори ҷойи ифтихорӣ гардидааст, якчанд шеър қироат намуда, ҳозиринро бо истеъдодаш болидахотир намуд, ки ба ӯ аз тарафи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи хотиравӣ супорида шуд.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён