Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, таҳти роҳбарии Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, раиси ноҳияи Кӯшониён, бо намояндагии Миралиён Қиёмиддин, Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва бо иштироки роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ва фаълон, иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён, даъвати шашум баргузор гардид.
Рӯзномаи иҷлосия аз масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:
1.Дар бораи ҳисоботи кории раиси ноҳияи Кӯшониён дар соли 2020.
2.Дар бораи иҷри буҷети соли 2019 ва тасдиқи лоиҳаи буҷет барои соли 2021.
3.Дар бораи тасдиқ намудани меъёри андози маҳаллӣ барои соли 2021.
4.Ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия “Оид ба масъалаҳои аграрӣ, озуқа, ислоҳоти замин, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табии”.
5.Дар бораи тасдиқи нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён барои соли 2021.
6. Дар бораи тасдиқ намудани “Барномаи рушди иҷтимоию иҷтисодии ноҳияи Кӯшониён барои солҳои 2021-2025”
7.Дар бораи тасдиц намудани қарорҳои раиси ноҳияи Кӯшониён.
Сараввал аз рӯи масъалаи якум, ҳисоботи кории Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳияи Кӯшониён барои 11 моҳи соли 2020 шунида шуд. Дар ҳисоботи кории худ Вализода Икромиддин Сироҷиддин, оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021-умро пешниҳод намуданд. Бахусус қайд гардид, ки дар соли 2020-ум, дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия, дастовардҳои назаррас ба даст омада, корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома доранд. Ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони зиёда аз 337 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки то давраи ҳисоботи 252 адади он ба истифода дода шудааст, қайд намуд раиси ноҳия. Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи иҷлосия, оид ба тасдиқи лоиҳаи буҷети ноҳия барои соли 2020, ҳисоботи А. Чиллазода, сардори Раёсати молияи ноҳия шунида шуд. А. Чиллазода, иброз дошт, ки ҳаҷми умумии буҷети ноҳия, дар соли 2021 аз рӯи даромад ба маблағи 106 миллиону 977 ҳазору 834 сомонӣ пешбинӣ гаштааст. Дар идомаи иҷлосия дигар масъалаҳои рӯзномаи Маҷлис мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба хотири пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагиҳои халқи ноҳия аз тарафи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Дар фарҷоми иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилоят, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин суханронӣ намуда, аз вакилон ва фаъолони ноҳия даъват ба амал оварданд, ки дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшишу малакаи худро равона намоянд.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён