“Ҳукумати Тоҷикистон вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеаро ҳамеша дар маркази диққати худ қарор дода, вобаста ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар барои беҳтар намудани шароити онҳо пайваста чораҷӯӣ менамояд.Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар дастгирии молиявии муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва оилаҳои камбизоат афзалият дорад ва ин бартарият дар солҳои минбаъда низ боқӣ мемонад”.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯз, 29 декабри соли равон, дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба аёдат ва дастгирии қисми осебпазири ҷомеа, бахусус маъюбону барҷомондагон, ки дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат дарҷ гардидаанд, Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ва роҳбарияти ноҳия, аз вазъи шароити зиндагонии бошандагони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии тавонбахшӣ ва будубоши доимии пиронсолон ва маъюбон дар ноҳияи Кӯшониён, дидан намуданд. Роҳбарияти вилоят ва ноҳия сараввал аз фаъолияти кории Муассисаи мазкур аз наздик шинос шуда, сипас бо бошандагони ин Муассиса, дар толори ҷамъомадҳо суҳбати самимӣ намуда, ба онҳо либосҳои мавсимӣ ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд. Бошандагони муассиса, барои ғамхориҳои пайваста ва дастгириҳои доимӣ миннатдории худро ба Пешвои муаззами миллат ва меҳмонон баён намуданд.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён