“Ҳукумати кишвар минбаъд низ ба ин гурӯҳи иҷтимоӣ, аз ҷумла ятимону маъюбон, шахсони бемору барҷомонда ва оилаҳои камбизоат кумак мерасонад ва бовар дорам, ки соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони саховатпеша баробари сохторҳои давлатӣ дар амалҳои хайру савоб боз ҳам фаъолона саҳм хоҳанд гузошт”.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯз, бо мақсади татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии ятимону бепарасторон ва ғамхориҳо нисбати онҳо, ҳамчунин дар арафаи соли нави мелодӣ роҳбарияти ноҳия, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бо 43 нафар ятимони кулл ва наздикони онҳо вохӯрда бо онҳо сӯҳбати самимӣ намуданд. Раиси ноҳия аз ҳар яки иштирокчии вохӯрӣ оид ба шароити зиндагонӣ ва таҳсили онҳо пурсон шуда, қайд намуданд, ки онҳо таҳти ғамхории доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор доранд. Баъд аз вохӯрӣ, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ба ҳар яки онҳо маблағҳои пулӣ ва тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд. Наврасону ҷавонон дар навбати худ, миннатдории самимии худро ба Пешвои муаззами миллат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои ғамхориҳои пайваста баён намуда, қайд намуданд, ки дар муассисаҳои таълимӣ бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, баъд аз хатми таҳсил саҳми худро дар пешрафти ноҳия ва Тоҷикистони азиз мегузоранд.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён