Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, таҳти Раёсати Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳия, вохӯрии Шодиён Муҳаммад Султонзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фаълони ноҳия баргузор гардид. Дар ҷамъомад асосан иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба сарфакорона истифодаи қувваи барқ, сари вақт ҷамъоварии маблағи истифодаи нерӯи барқ, самаранок истифодабарии замин, сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои беҳдошти ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории “COVID-19” ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар фарҷоми ҷамъомад қайд гардид, ки чунин вохӯриҳои судманд бо фаъолони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор карда мешаванд.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён