Кӯшониён: Соли 2020-ум бо натиҷаҳои назарраси меҳнатӣ ҷамъбаст гардид
Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, таҳти Раёсати Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳия, Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зуҳурзода Маҳмадсаид, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва бо иштироки роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту идораҳо, сарварони муассисаҳои таълимӣ ва кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия маҷлиси ҷамъбастии тараққиёти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия, дар соли 2020 баргузор гардид. Тибқи рӯзномаи ҷаласа, сараввал ҳисоботҳои муовини аввал ва муовинони раиси ноҳия шунида шуд. Дар ҳисоботи муовини аввали раиси ноҳия С.Аҳлидинзода, дарҷ гардид, ки кишоварзони ноҳия новобаста аз мушкилотҳои ҷойдошта бо сарбаландӣ аз нақшаҳои вогузошта баромаданд. Хусусан, дар соли сипаригашта кишоварзон зиёда аз 25790 тонна пахта истеҳсол намуданд, ки 101,1 фоизро дар бар мегирад. Дар давоми соли 2020-ум ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия афзуда, дар бахшҳои хоҷагидорӣ 1 миллиарду 213 миллиону 656 ҳазор сомониро ташкил намудааст, ки нисбати соли 2019-ум 114 миллиону 406 ҳазору 600 сомонӣ зиёд буда, 110,4 фоизро ташкил менамояд қайд намуд, С.Аҳлидинзода. Вобаста ба соҳаи иқтисод ва саноати ноҳия А.Иброҳимзода, муовини раиси ноҳия ҳисобот дода, афзуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиарду 568 миллиону 571 ҳазору 400 сомонӣ расонида шудааст, ки аз ин 278 миллиону 394 ҳазору 900 сомонӣ маҳсулоти саноатиро ташкил медиҳад. Дар соли 2020 ҷамъи умумии даромади буҷет 100,2 фоиз иҷро гардидааст, ки ба ҷои 53 миллиону 578 ҳазору 495 сомонии нақшаи пешбинишуда ба бқҷети маҳаллӣ 53 миллиону 671 ҳазору 928 сомонӣ маблағ ворид гардид, қайд намуд А.Иброҳимзода. Корхонаҳои саноатии ноҳия, дар соли сипаригашта корро дар самти истеҳсоли маҳсулоти саноати дуруст ба роҳ монда истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 278 миллиону 394 ҳазору 900 сомонӣ расониданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 55 миллиону 550 ҳазору 900 сомонӣ зиёд мебошад, афзуд А.Иброҳимзода. Дар ҳисоботи Ш.Сафарзода, муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи сохтмон, комуналлӣ ва энергетика қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби тамоми манбаҳо маблағгузорӣ барои сохтмон 380 миллиону 570 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли сипаригашта 176 миллиону 800 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.Баҳри иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами АП-1059 бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳия 337 адад иншоотҳои хурду калони иҷтимоию саноатӣ, фарҳангию фароғатӣ ва дигар корҳои азнавсозӣ, созандагию ободонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то санаи 1 январи соли 2021-ум 258 адад иншоот ба истифода дода шуда, дар боқимонда 85 адад иншоотҳо корҳои сохтмонӣ бо маром рафта истода, давра ба давра, то ҷашнӣ бузурги миллӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешаванд. Вобаста ба соҳаи иҷтимоии ноҳия, Д.Шукруллозода, муовини раиси ноҳия ҳисобот дода, қайд намуданд, ки бо назардошти вазъи мураккаби хуруҷи бемории сироятии навъи Каронавирус, дар самти пешгирӣ ва пешбурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ тадбирҳои судманд андешида, рафти фаъолияти тамоми соҳаҳои иҷтимоиро ҷиҳати риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ, масофаи иҷтимоӣ ва дигар талаботҳои ситодт ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ таҳти назорат қарор дода, чорабиниҳои пешгирикунандаро ташкилу баргузор намуданд. Муҳасилини муассисаҳои таълимии ноҳия, дар соли таҳсили 2019-2020 дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори 1 медали тилло, 3 медали нуқра ва 5 медали биринҷи гаштаанд. Бахшида ба ҷашни бошукуҳи миллӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли сипаригашта бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия 76 адад синфхонаҳои иловагӣ барои 1900 ҷойи нишаст сохта ба истифода шудааст, қайд намуд Д.Шукруллозода. Баъд аз шунидани ҳсоботҳои муовинон, пурсиши як қатор роҳбарони ташкилоту идораҳо ва дигар масъулин вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти хеш баргузор гардид. Ҳамзамон дар маҷлиси ҷамъбасти Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Зуҳурзода Маҳмадсаид, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон суханронӣ намуда, ба масъулин баҳри иҷрои камбудию норасоиҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар фарҷоми ҷаласа аз тарафи Имомзода Муҳаммадюсуф ва роҳбарияти ноҳия ба як қатор кормандони фаъоли соҳаи маориф нишони аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро супориданд. Ҳамзамон, дар рафти ҷамъомад ба ғолибони озмуни беҳтарин Ҷамоати шаҳраку деҳот ва кӯчаю маҳалла Сипосномаҳо ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супорида шуд. Инчунин ба 5 нафар иштирокчиёни фаъоли Озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” ифтихорнома ва туҳфаҳоли пулию молии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз тарафи меҳмонон ва роҳбарияти ноҳия дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд. Бояд қайд намуд, ки дастаи футболи “Кӯшон”-и ноҳияи Кушониён дар мусобиқаи лигаи дуюм фаъолона ширкат варзида, чемпиони лигаи дуюм гардиданд, ҳамзамон дастаи футболи деҳаи “Барои Ҳосилоти” Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳия дар мусобиқаи ҷумҳуриявии байни деҳаю маҳаллаҳо фаъолона иштирок намуда, чемпиони Тоҷикистон гардиданд, ки дар вазъияти тантанавӣ ҳамаи онҳо бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои молии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз карда шуданд.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён