Кӯшониён:Сафари кории Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ба ноҳия

       Боздид аз иншоотҳои ҷашнии шаҳраки И.Сомонии ноҳия

       Имрӯз, бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои ободонию бунёдкорӣ сараввал Қурбон Ҳакимзода,раиси вилояти Хатлон ва роҳбарияти ноҳия аз рафти сохтмони бинои меҳмонхона, тарабхона ва беморхонаи хусусӣ, воқеъ дар шаҳраки Исмоили Сомонӣ, дидан намуданд. Бинои мазкур дар асоси нақшаи чорабиниҳо ба муносибати ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкор Фақерзода Анвар бунёд шуда истодааст. Бинои меҳмонхона ва тарабхона дорои 14 ҳуҷра, 20 ҷойи хоб, ду толори маҷлисгоҳ, тарабхона барои 300 нафар, як адад маркази савдо буда, арзиши лоиҳавии он 2 миллиону 773 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Инчунин, аз тарафи соҳибкор сохтмони беморхонаи хусусии дорои 18 ҳуҷраи духтурон ва 25 ҳуҷраи хоби беморон босуръат идома дорад. Иншооти мазкур ба маблағи 2 миллиону 330 ҳазор сомонӣ сохта шуда истодааст. Тибқи нақша он дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва роҳбарияти ноҳия инчунин, дар шаҳраки И.Сомонӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ, дар бинои 6 ошёнаи истиқоматӣ дидан намуданд. Сохтмони бинои мазкур, дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби соҳибкор Давлатов Дилшод ба нақша гирифта шудааст. Корҳои сохтмонӣ моҳи январи соли 2020 оғоз гардида, дар ошёнаи якум маркази савдо ва дар ошёнаҳои 2-6-ум манзилҳои истиқоматӣ сохта мешаванд. Тибқи лоиҳа шумораи ҳуҷраҳо 30 ададро ташкил медиҳад. Ҳангоми ба истифода додани бинои мазкур дар маркази савдо 12 нафар сокинон ба кори доимӣ таъмин карда мешаванд. Дар корҳои сохтмонӣ 20 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шуданд.

2_51.jpg 3_57.jpg 4_33.jpg 5_28.jpg 6_27.jpg 

Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.