Боздид аз рафти парвариши сабзавотҳои барвақтӣ дар гармхонаҳои Кооперативи истеҳсолии “Имоми Аъзам”
Санаи 16 январи соли равон, дар идомаи сафари кории худ Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ва роҳбарияти ноҳия аз рафти корҳои саҳрои ва парвариши сабзавотҳои барвақтӣ дар гармхонаҳои Кооперативи истеҳсолии “Имоми Аъзам” аз наздик шинос шуданд. Кооперативи мазкур дорои 17 гектар замин буда, дар масоҳати зиёда аз 1 гектар гармхонаҳои доимоамалкунанда ташкил гардидааст. Айни замон дар гармхонаҳо 50 ҳазор адад кӯчати боимҷон, 10 ҳазор адад помидор, 10 ҳазор адад бодаринг, 20 ҳазор адад қаланфури булғорӣ ва 20 ҳазор адад қаланфур парвариш гардида истодааст, ки нашъунамои хуб дошта, дар муҳлатҳои муайян ба гармхонаҳо гузаронида мешавад. Маҳсулоти сабзавотии тару тозаи истеҳсолгардида, ба бозорҳои вилоят, ҷумҳурӣ ва ба хориҷи кишвар содирот карда мешавад. Раиси вилояти Хатлон, Қурбон Ҳакимзода ва роҳбарияти ноҳия ба роҳбари хоҷагӣ барои ташкили гармхонаҳо ва парвариши сабзавоти барвақтӣ баҳои баланд доданд.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён