
Боздид аз рафти корҳои бунёди гармхонаҳои доимоамалкунандаи парвариши сабзавотҳои барвақтӣ ва гармхонаҳои лимупарварии хоҷагии деҳқонии “Барои Ҳосилот”
Санаи 16 январи соли равон, дар идомаи сафари кории худ Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ва роҳбарияти ноҳия аз рафти корҳои бунёди гармхонаҳои доимоамалкунандаи парвариши сабзавотҳои барвақтӣ ва гармхонаҳои лимупарварии хоҷагии деҳқонии “Барои Ҳосилот”-и Ҷамоати деҳоти Заргар дидан намуданд. Дар хоҷагии мазкур 4 адад гармхонаи доимоамалкунанда ташкил гардидааст, ки дар он лимӯ парвариш гашта, ҳосили хуб дорад. Ҳамчунин дар ин хоҷагӣ боз 2 адад гармхонаи парвариши сабзавоти барвақтӣ ташкил гардидааст, ки рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад.
Хадамоти матбуотии Раиси ноҳияи Кӯшониён