Боздид аз самаранок истифодабарии замини наздиҳавлигии шаҳрвандон Ворисов Нурмаҳмад ва Шарифов Ҷурабек, дар Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳия
Санаи 16 январи соли равон, дар идомаи сафарии кории худ Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ва роҳбарияти ноҳия дар Ҷамоати деҳоти “Меҳнатобод”-и ноҳия сараввал аз ҳолати истифодабарии самараноки замини наздиҳавлиги оилаи Ворисовҳо дидан намуданд. Масоҳати замини наздиҳавлигии ин оила аз 13 сотиқ иборат буда, айни ҳол дар ин замин картошка, гулкарам, сабзавот, аз ҷумла сабзӣ, турб кишт карда шудааст. Нурмаҳмад Ворисов, қайд кард, ки дар гармхонааш 4 ҳазор ниҳоли қулфинайро парвариш мекунад ва маҳсулоти тайёрро дар нимаҳои моҳи март аллакай ба бозор мебарорад. Нурмаҳмад Ворисов бо аҳли оилааш ҳар сол аз замини наздиҳавлигиаш ду тонна боимҷону қаланфури булғорӣ ва беш аз ду тоннаи дигар ҳосили карамро ба даст меоранд. Оила бо мақсади омодагӣ ба давраи зимистонгузаронӣ зиёда аз 500 кг гандум, 280 адад зарфҳои консервагӣ, ним тонна пиёз, инчунин картошка ва ба миқдори зарурӣ донагиҳо захира намудааст. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва роҳбарияти ноҳия барои меҳнати пурсамари ин оила баҳои баланд доданд. Дар ин деҳа ҳамчунин Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва роҳбарияти ноҳия аз замини наздиҳавлигии оилаи Шарифовҳо дидан намуданд. Масоҳати замини наздиҳавлигии ин оила 15 сотиқро ташкил дода, дар қитъаи замини наздиҳавлигӣ картошка, гулкарам, сабзавоту полезӣ кишт шудааст. Оилаи Шарифовҳо низ гармхона барои парвариши қулфинай дошта, солона то ду-се ҳосил мерӯёнанд. Раиси вилоят ва роҳбарияти ноҳия, зимни мулоқот бо аъзои ин хонаводаҳо қайд карданд, ки имрӯз зарурати истифодаи пурсамари ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдошта ба миён омадааст. Ҳар як оилаи деҳотӣ бояд ҷиҳати рӯёнидани ду се ҳосил аз як замин ва дар ин замина таъмини захираи озуқа барои ду соли оянда ҷидду ҷаҳд намоянд.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён