Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба дар фасли сармо бо нархи дастрас таъмин намудани аҳолӣ бо сузишворӣ, алалхусус ангишт, бо ташабусси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бо дастгирии роҳбарияти ширкати “Мину-Фарм”, фурӯши ангишт бо нархи 70 дирам ба сокинони ноҳия ба роҳ монда шуд. Айни замон зиёда аз 50 тонна ангишт аз тарафи сокинони ноҳия харидорӣ гардид, ки боз дар назар аст, ки миқдори муайяни ангишт бо нархи дастрас ворид карда шавад. Сокинони ноҳия, аз ин иқдоми саривақтӣ хушнуд гашта, миннатдории худро ба Пешвои муаззами миллат, Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ба соҳибкорони меҳандӯст баён намуданд.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён