Тибқи нақша-чорабиниҳои асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода барои соли 2021 ва нақшаи пуррагардонии Маркази таълимию методии Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон, бо мақсади омода намудан ва омӯзонидани аҳолӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи онҳо оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, инчунин омодагӣ ба мудофиаи гражданӣ рӯзҳои 12-13 январи соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён бо сардорони мудофиаи гражданӣ, хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия машғулиятҳои омӯзишӣ доир ба соҳаи мудофиаи гражданӣ гузаронида шуд. Омӯзиши мазкур дар муддати ду рӯз аз ҷониби Сардори Маркази таълимию методии Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон полковник Сайдализода Ё ва афсари Марказ лейтенант Тулкунова У, дар якҷоягӣ бо Муовини соҳавии раиси ноҳия – сарпарасти соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Сафарзода Ш, Сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳия капитан Қуватзода Д ва Сардори ИДБЗО-и ноҳия Имомов Б гузаронида шуд. Дар рафти гузаронидани машғулият ба диққати шунавандагон нақшаҳои омӯзиши аҳолӣ ва барномаҳое, ки аз тарафи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст фаҳмонида шуд.
Мақсад аз гузаронидани машғулияти мазкур ин пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода ва баланд бардоштани маҳорату малакаи ҳайати роҳбарикунанда, бананақшагирӣ, тайёрӣ ва омӯзиши неруҳои ғайриҳарбӣ, коргарон, хизматчиён мебошад. Қобили қайд аст, ки масъалаи омӯзиши аҳолӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ яке аз вазифаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад ва дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» тамоми табақаҳои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз шакли моликияташон ва мавқеи дар ҷамъият доштаашон омӯзонида мешаванд.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён