Ҳама гуна фитнаву иғвоангезӣ, дасисаву амалҳои пасипардагии ифротгароён мардуми кишварамонро ҳушдор медиҳад, ки аз ҳарвақта дида ҳушёру зирак бошем. Наҳзатиёни террорист тасмим гирифтаанд, ки худро бо амалу кирдорҳои зишташон ҳамеша дар ҷомеа нишон диҳанд. Аз намоиши филми ҳуҷҷатии «Бешарафӣ» чеҳраҳои дигари манфури наҳзатиёни исломӣ аз ҷумла Қаландари Садриддин ва писари қурбони ҷаҳолатгардидааш Муҳаммадиқболи Садриддин намоён гардид, ки бо амалҳои нангини гӯшношунид солҳои зиёдро дар хориҷи кишвар сипарӣ намудаанд. Муллоқаландар бо пулҳои ҳаромӣ аз муфтхӯрӣ ҷамъовардааш соҳиби хонаву ҳавлиҳои серошёна ва беҳисоб гардид, ки насибаш нагардид. Муҳаммадиқболи Садриддин зери таъсири падари наҳзатиаш бемаълумоту бефарҳанг ба воя расида, дар кишвари Афғонистон ба таҷовузу бадахлоқӣ ва бешарафӣ дучор гардид, ки дигар падар ҳеҷ натавонист, ки аз ин роҳи нангин баргардонад. Муҳаммадиқболи Садриддин дар Аврупо тавассути табақаҳои иҷтимоӣ вазъ мехонад, ақидаҳои ифротии худро паҳн намуда, аз гузашти талху нангини худ, қурбонии ҷанги шаҳрвандӣ, қурбонии ҷаҳолату ваҳшоният будани худро фаромуш сохтааст. Ҳамаи ин ахлоқи ношоистаи ӯ аз сатҳи пасти дониш, камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ, сатҳи пасти фарҳангу маданият сар задаст. Ин ашхоси ифротгаро бо гапфурӯшӣ, донотарошӣ ва шиорпартоиҳо худро бо чеҳраҳои дигар намоиш медиҳанд. Онҳо имрӯз дар Аврупо ва дигар кишварҳо лухтакҳои дасти хоҷагони хориҷӣ буда, наметавонанд барои давлату миллати худ кореро ба анҷом расононанд. Чунин тоифа бешарафон аз номи дини ислом баромад мекунанду бо ин роҳ мехоҳанд ба мақсадҳои зишту нопокашон ноил шаванд ва динро бо сиёсат омехта карда, дар ҷомеа гуруҳҳои мухолифро зиёд намоянд. Асосгузори сулҳу ваҳдати мллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суханрониҳояшон сокинони кишварро ҳушдор медиҳанд, ки инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шавқат рӯ ба рӯ омадааст, ки он ба барҳам задании амният ва субботу оромӣ ташвиқ менамояд. Аз ин рӯ, ҳар яки моро лозим аст, ки барои такрор наёфтани рӯзҳои талху сангин ва даҳшатангези солҳои 90-уми асри ХХ ҷавононро, ҷомеаи имрӯзаро дар руҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, илмомӯзӣ ва сулҳпарварӣ тарбия намоем.
Малика Нурализода, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён