Рӯзи 20 январ вақте, ки навореро аз шабакаи телевизионӣ оид ба фаъолияти Муҳаммадиқболи Садриддин, хоини миллат тамошо кардам ба худ гуфтам, наход ин нохалафро модари тоҷик, фариштаи рӯи замин ба дунё оварда бошад? Наход дар овони кӯдакиаш ба ӯ модар шири сафед дода, роҳи сиёҳро ҳидояташ карда бошад? наход суруди ширини алларо бо сад меҳрубонӣ ба гӯшаш хонда, ӯро ин қадар золим ба воя расонида бошад?Дар радифи суханҳои шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ гуфтаниям “Заҳр бодо шири модар ба Қаландаров Садриддин”, ки худ ба роҳи нопокӣ рафта, фарзанди ноболиғашро низ фирефтаи шармандагию фирорӣ намудааст, ки дар ботини фарзандаш Муҳаммадиқболи Садриддин бадӣ ва хиёнат ба ватан нақш баста, идомадиҳандаи амалҳои нопоки падар гаштааст. Имрӯз мо ифтихор аз он дорем, ки зери сиёсати хирадмандона ва сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагӣ ва умр ба сар мебарем.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ, омӯзиши таърих ва сабақҳои зиндагӣ ҳушдор медиҳад, ки мо занону модарон дар тарбияи фарзандон хело боандеша ва ояндабин бошем. Фарзандонро дар роҳи дуруст тарбия намуда, дар ниҳодашон дӯст доштани Модар – Ватанро ҷо кунем. Ҳоло, ки дар андешаи таҷлили 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастем, хонаву дар обод кунем, кӯчаву маҳал обод шуда, Ватан обод мешавад. Ҳама занону модарон имрӯз ин амалҳои номатлубу иғвоангезро, ки аз тарафи чунин афроди нохалафу ватанфурӯш роҳандозӣ мегардад маҳкум намуда, дар атрофи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъона бо ин гуна бешарафон мубориза барем, то ин ки онҳо ба мақсади нопокашон нарасанд. Бигузор Ваҳдату арзишҳои миллӣ, дастовардҳои даврони истиқлолият, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандони кишвари азизамон доимо поянда бошад.
Изатуллозода Б, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ
ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи
раиси ноҳияи Кӯшониён