ВОКУНИШ: Падар чӣ гуна, писар намуна

    Шарафмандӣ он зинаи обрӯ ва мақому манзалат аст, ки ба ҳар кас насиб намекунад. Одами бошараф шуҳрат ёфта, ба эътирофи умум сазовор мегардад. Онҳое, ки бо ақли солим ва азми дуруст қадам мегузоранд, комёб мешаванд, зеро ҷомеаи демократии Тоҷикистони соҳибистиқлол баҳри инкишоф ва комилёбии инсон (махсусан ҷавонон) шароитҳои заруриро ба вуҷуд овардааст.  Аммо бо вуҷуди ин одамоне низ вомехӯранд, ки дар зиндагӣ роҳи нодурустро интихоб карда , аз роҳгумӣ ба ҷодаи бешарафӣ по мениҳанд. Ба хотири шуҳратёбӣ ба роҳи кинаву ғаразпарварӣ ва иғвоангезиҳо по нихода, баҳри расидан ба ҳадафҳои муғризонаи худ ҳатто шарафу номуси инсонии худро аз даст медиҳанд. Манзур аз ин руҷуъи кӯтоҳ фаъолияти муғризона ва ҳадафҳои нопоки Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад, ки дар филми мустанади ___Хиёнат қисми 7, «Бешарафӣ» симои манфии ӯ кушода шудааст.

Муаллифони филм марҳила ба марҳила ба роҳи бешарафӣ расидани Муҳаммадиқболи Садриддинро исбот карда, баҳри тақвияти ҳадафи хеш иқрори шоҳидонро меоранд ва бинандаро бо маънавиёти холӣ ва бебунёди Муҳаммадиқболи Садриддин ошно месозанд.

Муҳаммадиқболи Садриддин кист? Аз тамошои филм аён мешавад, ки ӯ фарзанди Rаландар Садриддинов (яке аз фаъолони ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъшудаи Наҳзати исломии Тоҷикистон ) мебошад.

    Шоҳидон қисса мекунанд, ки падари Муҳаммадиқбол роҳбари муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Тахори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон будааст ва бо қаллобию мардумфиребӣ ном бароварда, ҳангоми тақсимоти молу мавод барои муҳоҷирон камбудиҳои ҷиддӣ содир кардааст. Писараш Муҳаммадиқболро аз доираи тарбия ва назари худ дур карда, дар давраҳои баъдӣ ба дасти одамоне меафтад, ки ба номуси Муҳаммадиқбол таҷовуз мекунанд. Муҳаммадиқбол ҳанӯз дар айёми наврасӣ шарафу номусро бохта, ба асбоби айши бегонагон мубаддал шудааст. Муҳаммадиқбол хоҳишҳои шаҳвонӣ ва супоришҳои хоҷагонашро иҷро карда, батадриҷ асолати инсонии худро низ аз даст дода, ба як хӯсаи сиёсӣ табдил ёфтааст.  Баъдтар ӯ гӯё таҳсилро идома дода, дар ҳамаи кишварҳое, ки ба сар бурдааст бе иродаву ҳайсияти инсонӣ бар замми бешарафиаш комилан дар хизмати бегонагон қарор гирифта, ба инкори давлату миллати хеш пардохтааст. Фаъолияти ӯро кас таҳлил карда, ба хулосае меояд, ки падар чӣ гуна писар намуна? Аммо ин бешараф он қадар худхоҳу бегонапарст аст, ки ба Ватани азизамон Тоҷикистон, ки муқаддасоти мо ҳисоб мешавад, меҳр надорад, онро эътироф намекунад, баръакс пешрафтҳои кишварамонро зери шубҳа мекашад. Яъне бо тамоми вуҷудаш ин меҳани нозанинро бад мебинад, дӯст намедорад. Пас инсоне, ки Ватанашро дӯст намедорад, оё эмон дорад?

       Аз сӯи дигар дигаргуниҳои мамлакати моро дар роҳи ободию таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон рад карда, ваҳдати халқҳои Тоҷикистон, сулҳу осоиш ва оромишу дилпурии одамонро эътироф намекунад. Ҳол он, ки тамоми ҷаҳон ба таҷрибаи сулҳи сартосарии Тоҷикистони соҳибистиқлол таваҷҷуҳ карда, онро барои ҳалли низоъҳои миллӣ ва минтақавӣ нодир арзёбӣ мекунанду Муҳаммадиқболи Садриддин бо чашми шубҳа нигоҳ мекунад.Муҳокимаҳои ин хангомаҷуи сиёсӣ бесару нӯг, бемантиқ ва бебунёданд. Зеро дар кишвари мо ҳамаи кор бо иродаи халқ анҷом дода мешавад. Халқ қувваи асосӣ ва муҳаррики пешрафт ба сӯи пеш аст. Ва дар интихоботи охирини Президенти мамлакат ҳам мардум бо дили пур ва боварӣ намояндаи ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмонро барои муҳлати навбатӣ интихоб карданд. Саволе матраҳ мешавад, ки чаро ин ҳама комёбии кишварамон ба Муҳаммадиқболу ҳаммаслаконаш писанд намеояд? Ҷавоб аниқ аст. Онҳо асолати миллию инсонии худро кайҳо аз даст дода, тутиёни сухангӯй шудаанд, ки устувориву пешрафтии тоҷиконро намехоҳанд. Намехоҳанд, ки Истиқлолияти давлатии мо таҳким ёбад, давлати мо ба берун кам вобаста бошад. Малҳами заруриро худамон барои худамон истеҳсол кунем. Фарҳангу забони миллат, урфу одат ва фарҳанги миллатро дар замони ҷахонишавӣ ҳифз кунем. Маорифи мо ҷавобгӯй ба меъёрҳои байналмилалӣ бошад.Вале раванди бебозгашти демократия дар Тоҷикистон рушди иқтисодии миллӣ, халли хадафи стратегияӣ ва ҷаҳду талоши халқи тоҷикро бахри таҳкими Истиқлолият ва асолати миллӣ касе боздошт наметавонад. Балки маҷрои рӯди зиндагӣ Муҳаммадиқбол барин ватанфурӯшони бегонапарстро ба соҳил афканда, боғи орзуҳои моро сарсабзтар менамояд.

 

Амирзода Ҳанифамоҳ Амир, мудири бахши фарҳанги мақомоти

иҷроияи ҳокимияти давлатии

ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.