ВОКУНИШ: «ТЕРРОРИЗМ - ИН НАФРАТИ ИНСОН БА ИНСОН ВА ИНСОН БА ИНСОНИЯТ МЕБОШАД”

        Афзоиш ёфтани хатару таҳдиди терроризм ба сулҳу амнияти ҷаҳон мо аҳли кормандони рӯзномаи «Кӯшониён»-ро водор намуд, ки оид мафҳуми терроризм ва роҳҳои самарабахши мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб изҳори ақида намоем. Терроризм амали зиддиҳуқуқии гурӯҳҳои алоҳидае мебошад, ки қонуният ва ҳуқуқи давлатро зери шубҳа қарор дода, ба ин васила даст задан, ба даҳшатафканию расидан ба мақсадҳои хешро асоснок кардани мешаванд. Гуруҳҳои гуногуни ҷиноятпеша, бо мақсади муҳайё сохтани шароити мусоид барои фаъолияти ҷинояткоронаи хеш даст ба амалҳои террористӣ зада, рақибони худро нобуд месозанд ё ба фаъолияти ҳокимияти давлатӣ таъсир мерасонанд.

        Ҷаҳони муосир гуногуншакл буда, халқу миллатҳо, пайравони дину мазҳабҳо бо тарзи фаҳмиши ҳайёт, меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои фарҳангӣ аз якдигар фарқ доранд, ҳамзамон зиддияту бархӯрди арзишҳо мушоҳида мешаванд. Мутаассифона, аз зиддияту бархӯрди арзишҳо истифода бурда терроризм бо даҳшатафканию харобкорӣ ҳамчун воситаи расидан ба ҳадафҳои муайян баромад мекунад. Дар ду даҳсолаи охир бошад, таҳдиди терроризм хусусияти умумибашарӣ гирифта, сулҳу амнияти аҳли башарро зери хатар қарор додааст. Бояд қайд намуд, ки ин зуҳуроти номатлуб бо таъсири омилҳои муайян аз солҳои 80-уми асри XX сар карда, рӯ ба афзоиш овард (агар дар солҳои 90-уми асри гузашта 900 амалҳои калони террористӣ рӯй дода бошад дар даҳсолаи охир зиёда аз 1000 амалҳои террористӣ ба амал бароварда шуданд). Баъзе аз нохалафон чунин пешравӣ ва шукуфоии мамлакати азизамонро дида наметавонанд ва кӯшиш доранд, ки онро халалдор созанд. Дастовардщои бузургеро, ки то имрўз миллати тоҷик бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва дар партави сиёсати Ҳукумати кишвар бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил гардидааст, ҳеҷ фарди солимфикру боинсоф инкор карда наметавонад.

         Филми “БЕШАРАФӢ” ки рӯзҳои наздик тариқи шабакаҳои телевизионии кишвар намоиш дода шуда буд бо маврид буда, далели гуфтаҳои болост. Дар филми мазкур амалҳои хоинона, муғризона, ноҷавонмардона ва душманонаи роҳбарияти ташкилоти террористиву экстремистии собиқ ҲН-ро нишон медиҳад, ки чи гуна миллату давлати худро зери оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашониданд. Ба ин қаноат накарда то имрӯз дар хориҷ аз кишвар бо кӯмаки хоҷагони хориҷиашон мехоҳанд, дубора болои миллат ҷанги шаҳрвандиро барангезанд. Аммо фаромӯш кардаанд, ки миллати сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлол симои асосии ин хоинонро шинохтааст ва дубора ба ин миллатфурӯшон бовар намекунанд.Ҳамаи ҷавонони роҳгумзадаи тоҷик, ки ба сафи давлати худхондаи ба ном исломии ДИИШ шомил шудаанд ва бар зидди қонунҳои конститутсионии давлатҳои Сурияву Ироқ меҷангиданд дастпарварони ТЭТ ҲН буданд. Бинобар ҳамин, моро лозим аст, ки сирати зишту нопоки саркардагони ин созмони фитнаангезро ҳарчӣ амиқтару дақиқтар ба аҳли ҷомеа, ба хусус ба ҷавонон муаррифӣ намуда, бо ин роҳ аҳли ҷомеаро аз макру дасисаҳои навбатии душманони миллат огоҳ созем.

       Хиёнаткорон Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва пайравони хиёнаткори онҳо! хоин, бешараф, бенангу беномус, беимон будед, ҳастандд ва симои разилонаи шумобаринҳоро таърих ва миллати соҳибтамаддуни тоҷик ҳаргиз аз лавҳи хотир фаромӯш намекунад. Ташкилкунандагони ин ҳизби террористӣ барои молу пул шуда, мазҳаби муқаддаси худро фурӯхта ба мазҳаби бегона шомил шуданд. Мо ҷавонони сарбаланди ноҳияи Кӯшониён ҳар як амал, ҳар сухан ва кирдори ғайриинсонии шумоёнро ҳамеша маҳкум намуда, ба чунин нафарони дилсиёҳу иғвогар хиёнаткор ва ифротӣ бовар намекунанд, ба шумоён нафрат мехонанд. Мо ҳеҷ гоҳ хиёнати ин ҳизби террористиро фаромӯш нахоҳем кард.

“Рӯзномаи Кӯшониён”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.