ВОКУНИШ: Шараф чизи таҷовузнопазир аст, Ҳар он кас, шараф дорад кабир аст!

           Воқеият аст, ки дар замири инсони некхоҳ ҳамеша хислатҳои ватандӯстӣ, нангу ор, номус ва шараф тантана менамояд ва онро мисли обу ҳаво дар ҳаёти воқеии ҳарӯзаи худ зарур ва аввалиндараҷа мешуморад. Ин шахсиятҳо комилан инсонҳои аз лиҳози равонӣ ва ҷисмонӣ аз дигарон афзалият дошта бо тафаккури созандаи солим ташаккул ёфта, ҳамеша баҳри иҷрои амалҳои хайрхоҳонаву инсондӯстона талош варзида зиндагӣ менамоянд. Шараф барои ин шаҳрвандон чизи таҷовузнопазир ва шикастнопазир ҳисобида шуда, дар пастиву ноҷуриҳо ва сахтиву мушкилиҳои дар рӯ ба рӯ қарор дошта, ҳамеша дар меҳвари он нафас кашидаву зиндагӣ доштанро муқаддас мешуморанд. Вале табиати одамӣ ҳаргуна офарида шудааст. Табиат, хӯ ва ахлоқи одамӣ ҳамеша бо тарбият идорашаванда гардида, дар он дасти комил ва дурусти волидайн ва муаллим нақши муҳим ва ҳалкунанда мебозад! Филми “Бешарафӣ” бори дигар чеҳраи манфур, нопок ва касифонаи Муҳаммадиқболи Садриддинро ба халқҳои кишварамон инъикос намуд. Дар “Бешарафӣ” ба воя расидану пушти он нон хӯрдану рӯзгор сохтану зиндагӣ кардан худ бешарафист! Муҳаммадиқболро тамоми аҳолии беш аз даҳмиллионнафараи Тоҷикистон ҳамчун бешарафу беномус шинохтанд. Дар асл рӯнамоии ҳамешагии ӯ пушти оинаи шабакаҳои онлайнӣ ба хотири дарёфти қути лоямут ва зинда мондан дар мулки бегона сурат гирифтааст. Дурӯғу бӯҳтонҳои бофтаву беасоси ӯ ва намояндагони дигари ташкилоти экстремистӣ ва терористии наҳзатро халқҳои азизи кишвари мо намепазиранд. Зеро он онҳо хуб медонанд, ки ҳар нафаре бо зодбуми хеш хиёнат мекунад, ба ӯ умед бастану бо ӯ ҳамфикр будан, худ хиёнат аст! Дар хиёнату бешарафӣ фаъолият бурдану рӯзгори сиёҳу талх доштан тақдири онҳост! Аслан шараф молест, ки аз асилзодаҳо бармеояд, бадзот аз он мерос бархурдор нест. Тоҷикистон ватани маҳбуби ҳар яки мост! Ҳаёти осудаву оромонаи халқҳои давлатамон ҳадафи олии Президенти мо дониста шудааст. Президени мо кафили сулҳ дар кишвар ва дар минтақаи Осиё маҳсуб меёбанд. Мо, сокинони ин кишвари амн вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандӣ меҳисобем, ки дар зери принсипҳои шаъну шараф ва обрӯву эътибор зиндагонӣ намуда, фарзандони асил ва ҳақиқии Ватани азизамон бошем! Сокинони ноҳияи Кӯшониён тӯли солҳои давлатсозии навин бо эҳсоси баланди муҳаббат ба Ватан паҳлӯ ба паҳлӯ истода, софдилона меҳнат карда пайравони асили Пешвои муаззами миллат мебошанд. Пурзӯр кардани чорабиниҳои мухталиф ҷиҳати пешгирии наврасону ҷавонон аз майл пайдо кардан ба ҳизбу ҳаракатҳои бегонаи иртиҷойи ва бегонапарастӣ кори асосии дастаҷаъонаи шаҳрвандони солимфикр, зиёиён ва хизматчиёни давлатӣ ба шумор меравад. Тарбияти кӯдакону наврасон дар рӯҳияи баландӣ ватандӯстӣ аз се ниҳоди муҳими ҷомеа: оила, мактаб ва ҷомеа оғоз мегардад. Ба шахсияти комили пурра табдил ёфтани онҳо, волидайн ва омӯзгорон, ки ду ниҳоди тақдирсоз маҳсуб меёбанд, нақши бориз доранд. Зеро, кӯдак наметавонад ба худ ғояи бегонапарстиро касб намояд, агар тарбияти дурусти волидайн ва таълими комили омӯзгорро дида бошад?

Ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби мамнӯъи наҳзат ҳамчун ҳизби сиёсӣ замоне барои пешрафту тараққиёти кишварамон мушкилотҳои зиёд эҷод карда, нохалафона мардуми кишварро ба гумроҳӣ ҳидоят карда, тухми кинаву адовати милливу мазҳабиро дар миёни табақаву қишрҳои мухталифи ҷомеа пошида, халқҳои сулҳдӯсти кишварамонро ба сӯи ҷанги таҳмилӣ кашида буданд. Барои расидан ба мақсадҳои ғаразноки манфиатхоҳон, нохалафона хуни бародар, хеш ва ҳамсояи худро резонидаанд. Вазъи ҷаҳони муосир хеле мураккаб аст. Дар баробари паёмадҳои хуши мусбӣ ва тараққиёти бемайлони илму техникаи муосир, ҳамзамон паёмадҳои нохушу манфи, ноогоҳ дар рӯ ба рӯи башарият қарор меёбанд, ки ҳамчун мушкилоти ҷаҳонӣ ба амни давлатҳо ва аҳолии кураи замин таҳдид эҷод менамоянд, танҳо сарҷамъӣ ва муттаҳидӣ метавонад, ки моро аз кулли ҳодисаву воқеаҳои нохуши ба миёномада эмин нигоҳ дорад!

Screenshot_20210123-200515_Gallery_0.jpg 

Д.Шукруллозода,

муовини раиси ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.