Муҳаммадиқболи Садриддин сармуҳаррири сомонаи “Ислоҳ нет”, яке аз сомонаҳои ташкилоти террористии ҲН буда, таҳлили фаъолияти сесоли охирини апазитсиониро дар дохил ва берун нишон дода, ӯ ба таври нохудогоҳ бар зидди лоиҳаҳои сарнавиштсози миллат мебошад, зеро хӯйи ғуломӣ ва бадпарварӣ чунон дар зеҳнаш нақш бастааст, ки мехоҳад ҳама ба мисли ӯ бардаву ғулом бошанд. Асре, ки мардуми соҳибмаърифату донишманд ба пешрафтҳои нанотехнологӣ расиданду ҳамон қабатҳои замину осмонро, ки мо дар бораашон афсонахонӣ дорем, илман мекушоянду фатҳ кардан доранд. Муллоҳои мазҳабию ҳизбию лоҳизбии мо бошад, ҳамоно сари баҳси ришу ҷелаку сатру ангушти ишора ва фосилаи пойҳо аснои намоз муноқиша доранду мунозира. Ва мехоҳанд, ки наврасону ҷавонон низ идомадиҳандаи ин “амали солеҳ”-и онҳо бошанд. Агар Муҳаммадиқболи Садриддин, дар симои худаш чунин раҳбареро мебинад, барномаҳояшро пешниҳод созад. Шояд мардумро ( ва пайравони тамоми шохаҳои исломро, ки аз ниҳояти ҷаҳлу бесаводӣ ба наздики сад шоха расидаанд) қонеъ карда тавонад ва он гаҳ ману дигарон низ аз пасаш равона хоҳем шуд. Дар ҳоли ҳозир бошад, дар даврае, ки ҷаҳон то рафт дар торҳои партофтаи нақшаҳои глобалии абарқудратҳо печидан дорад, қарзи ҳар як фарди миллатпарасту ватандӯст яктост: роҳ надодани ғояҳо ва андешаҳои бегона ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мо ва маҳкум намудани терроризму экстремизм мебошад.
Ал – қисса умри ҳарфҳои ботил кӯтоҳ аст. Эҷоди камарбанди дурӯғ бар зидди миллат ҳеҷ гоҳ оянда надорад. Шогирдонашон аллакай ҳосили боғи “мурид” -иро дар “Рамзгоҳ”-ҳои Сурия чида истодаанд. Аз ин ҷост, ки пайдо кардани “Раҳбаре мутааллиқ ба ҳамаи мусулмонҳо” орзуест, ки ҳаргиз ҷомаи амал ба бар нахоҳад кард. Бори дигар ва такроран гуфтанианд, ки вақте дар асри 21 моро бо ғояҳои давраи тавлиди Ислом пеш бурдани мешаванд, дигар чӣ метавон гуфт? Ин роҳ танҳо сӯи ҷаҳолат асту торикӣ. тамом, вассалом.
Оё Муҳаммадиқболи Садриддин як бор аз худ мепурсида бошад, ки бо чунин роҳ ба ҳукумат расидан чӣ паёмадҳое дар пай хоҳад дошт? Оё фикр намекунад, ки кишвари худро ба коми ҷангҳои беохир мекашанд ва тақдири Мисру Ливия ва Сурияву Украинаро ба сари миллати худ меорад? Ту бар ин тоифаҳо дар ҷомеъаи имрӯза лозим нест. Мо мардуми шарафманди Тоҷикистон, имрӯз ҳамаи он амалҳои номатлубу иғвоангезро, ки аз ҷониби чунин шахсони нохалафу ватанфурӯш, роҳ андозӣ мегардад, маҳкум намуда, баҳри нашъунамо ва шукуфоии Ватани азизамон Тоҷикистон, ба хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо менамоем.
Шарипова Ш,
Сармутахассис-котиби Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён