Дар оғози моҳи нави соли 2021 Паёми пурмӯҳтавои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки ҳамчун ҳуҷҷатимуҳим, дастур ва роҳнамо барои ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ маҳсуб меёбад, ба Маҷлиси олии кишвар ироа гардид. Тавваҷуҳи кули занону модарони ноҳияи Кӯшониён ба Паём равона шуда аз тасмимҳои созандаю бунёдкорона дастгирӣ ва баланд бардоштани мавқеи занон бори дигар бамо руҳу илҳоми тоза бахшид. Дар ҳақиқат тавваҷуҳи Сарвари давлат ба масъалаҳои баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа, пешбарии онҳо ба вазифаҳои роҳбарию давлатӣ боиси сарфарозии кулли заону модарон мебошад.
Сарвари давлат бори дигар дар Паёмашон иброз доштанд, ки “То вақте ки ҳастам сиёсати занони мамлакатро дастгири менамоям” ҳамзамон оид ба ба амали гаштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” махсусан аз ташаббуси занону бонувон ва дастгирии сокинони кишвар маннатдорӣ намуданд, ки дар беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуд. Ҳамзамон дар ироаи Паём, Сарвари давлат оид ба рушди забон махсусан аҳамияти чидӣ додан иброз доштанд, ки бо забони модарии худ тозаву беолоиш сухан рондан, вазифаи ҳар як шаҳрванд буда, барои омӯхтани таърихи Ватан, фарҳанг ва ҳифзи мерос ва нигоҳдории он мо бояд кӯшиш намоем. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорону шахсони ҳимматбаланд ва ба кулли мардуми кишвар, ки дар давраи бемории Каронавирус рӯҳафтода нашуд ба корҳои созандагию ободонии мамлакат саҳми арзанда гузоштанд сипосу миннатдорӣ баён намуданд. Дар ҳақиқат ҳамаи гуфтаҳо дар Паём, моро беш аз пеш ба масъулитшиносию заҳматдӯстӣ, фаъолияти босамару ташаббусҳои нек водор месозад, ки дар ободу шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи хешро гузорем.
Иззатуллозода Б, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯшониён