Мо занону бонувон аз дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузорӣ намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ба бовариву эътиқоди Пешвои миллат сазовор бошем. Дастури Сарвари давлат, вобаста ба роҳандозӣ гардидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” дастгирии навбатии занону духтарони кишвар мебошад. Ин санад боис мегардад, ки сафи занони роҳбар дар ҳамаи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ бештар гардад.
Амонзода Муслима, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯшониён