Ҳамовозӣ: Бо Паём ба пеш!

     Паёми навбатии раҳнамунсозӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатамон ба маҷлиси олӣ ироа гардид. Паём ҳамчун ҳуҷҷати муҳим ва муайянкунандаи самтҳои асосии фаъолияти бахшу соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дониста мешавад. Дар Паём натиҷаи корҳои соли 2020 ҷамъбаст гардида, барои соли 2021 ва солҳои оянда вазифагузориҳои навбатии Ҳукумати ҷумҳурӣ, ҷиҳати таъмини рушди устувори бахшу соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакатамон, пешниҳод карда шуд. Таъкид гардид, ки соли 2020 бо пандэмияи «COVID- 19» о-оз гардида бошад ҳам, аммо Ҳукумати ҷумҳурӣ тамоми тадбирҳои саривақтиро ҷиҳати таъмини рушди иқтисодиёт ва дар ин замина беҳтар намудани вазъи иҷтимоии сокинони кишвар андешид. Махсусан дар соҳаи тандурустӣ барои пешгирии бемории сироятӣ тамоми тадибрҳои амалӣ аз ҷумла сохтмони беморхонаҳои муваққатӣ, харидории таҷҳизотҳои муосири тиббӣ, дорувориҳо ташкил карда шуд. Табибон, дар соли 2020 қаҳрамонона ва содиқона меҳнат карда ҷони садҳо сокинони кишварамонро аз ин беморӣ наҷот доданд. Соли 2020 дар таърихи ҷомеаи ҷаҳонӣ соли вазнин ва таназзули моливу иқтисодӣ эътироф гардида, дар ин сол болоравии сатҳи бекорӣ ва камфаъолиятии корхонаҳои гуногун ба қайд гирифта шудааст.

Д.Шукруллозода, муовини раиси ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.