Ҳамовозӣ ба Паёми Пешвои миллат

       Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ буда, ифодакунандаи нуқтаи назари Сарвари давлат ба рушду таҳкими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат арзёбӣ мегардад. Воқеан, Паём муҳимтарин барномаи дорои хусусияти созанда ва сафарбаркунанда буда, оғози ҳама гуна фаъолияти бунёдкорӣ дар он ифода меёбад ва аз он сарчашма мегирад. Пешвои миллат нисбати ба фарҳангу таърихи бостонии халқи тоҷик таваҷҷуҳӣ хоссае дошта, дар Паёми навбатишаон дарҷ намуданд, ки «Арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он, инчунин аз худ кардани мероси ҷовидони садҳо ва ҳазорҳо нафар фарзандони фарзонаи халқамон, яъне шоирону адибон, муттафакирони барҷастаи миллатамон вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад. Мо ба хотири ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ба таъмиру нигоҳдорӣ хело корҳои созандаро оғоз намудем ва кушиш дорем, тавассути созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мероси моддӣ ва ғайримоддии кишварамонро ба аҳли олам ҳарчи бештар муаррифӣ намоем».

    Агар дар даврони соҳибистиқлолии давлат нигарем, оину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд. Дар ҳақиқат миллати тоҷик аз нав тавлид ёфта, олмау одам аз фарҳанги бойи ин миллати бостонӣ огоҳ гардиданд.  Мо аҳли фарҳанг дастуру супоришҳои Пешвои миллатро асоси кори худ қарор дода, тарғиби забон, омӯхтани таърих ва мероси маънавии халқи тоҷикро тарранум намуда, дар ин замина дар рушди фарҳанги миллӣ, эҳёи анъанаҳо ва тарбияи аҳли ҷомеа дар руҳияи ватандустию хештаншиносӣ ҳиссаи сазовор хоҳем гузошт.

 

Амирзода Ҳ, мудири бахши фарҳанги

мақомоти иҷроияи ҳокимияти

давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.