Дар асоси қарори раиси ноҳияи Кӯшониён, аз 17 декабри соли 2019, №1114 бо маблағгузории Созмони байналмиллалии ташкилоти “Каритас”-и давлати Швейтсария вобаста ба расонидани кӯмакҳои аввалиндараҷа ва кам намудани талафоти ҷонӣ аз офатҳои табиӣ аз ҳисоби заминҳои фонди махсуси ноҳия ба миқдори 1,0 га хоҷагии самти ниҳолпарварӣ дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Навбаҳор таъсис дода шудааст. Мақсади асосии ташкили хоҷагии самти ниҳолпарварӣ ба рушд ва афзоиши даромадноки ва дастрасӣ ба дарахтони арзон ва баландсифат равона карда шудааст, ки дар самти маҳал дар ноҳия истеҳсол карда мешаванд, ки ин метавонад дар оянда сатҳи камбизоатиро коҳиш диҳад. Дар мавзеъҳои хавфнок ва мустаҳкам намудани эрозияи замин дар санаи 6 январи соли 2021 бо раисони маҳаллаҳои деҳаҳои Дустӣ, Сарипул, Сариҳавз, Механизатор, Ҳалқаҷар ва Суҳроб Муродови ҷамоатҳои шаҳраки Бохтариён ва Бустонқалъа ҷамъомад гузаронида шуд.
Инчунин дар рафти маҷлис бо раисони маҳаллаҳо расонида шуд, ки баҳри пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода ҳамкории зич бо Созмони байналмилалии ташкилоти “КАРИТАС”- давлати Швейтсария ба роҳ монда шуда, аз ҷониби ташкилоти мазкур ба мавзеъҳои хавфноки ноҳия харитасозӣ гардидааст ва ба миқдори даҳ ҳазору шашсад адад ниҳолҳои гуногун аз он ҷумла 3500 бех ниҳолҳои сояафкан ва 7100 бех ниҳолҳои мевадиҳанда дастрас гардидааст. Дар рафти маҷлис аз ҷониби раисони маҳалаҳои дар боло зикршуда ахборотҳо оид ба мавзеъҳои хавфноки ноҳия аз руи харитаҳо дода шуд.
Дар санаи 20 январи соли 2021 аз ҷониби афсари калони шуъба лейтенант Сафаров Э ва афсари шуъба лейтенант Раҳматов Ҷ бо сокинони мавзеъҳои хавфнок аз он ҷумла деҳаҳои Дустӣ, Сари Ҳавз, Сари Пул, Дустӣ С.Муродов ва Механизатори ҷамоатҳои шаҳраки Бохтариён ва Бустонқалъа вобаста ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, дар рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ брошюраҳо оид ба “Обхезӣ ва сабаби рух додани он” дастрас карда шуд. Дар баробари гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар деҳаи Механизатори Ҷамоати шаҳраки Бустонқалъа вобаста ба солимгардонии муҳити зист, беҳтар намудани ҳолати кабудизоркунӣ ва банақшагирии чорабиниҳои пешгирикунандаи ҳолатҳои фавқулода аз ҷониби афсарони Шуъба ҳашарҳои дастаҷамъонаи ниҳолшинонӣ бо ҷалби аҳолии деҳа гузаронида шуд. Дар рафти чорабинии мазкур дар деҳаи Механизатор аз тарифи аҳоли 220 бех ниҳолҳои сояафкан ва мевадиҳандаи шинонида шуд. Инчунин чорабинии ҳашари ниҳолшинонӣ, дар деҳаҳои дар боло зикргардида марҳила ба марҳила давом дорад. Қайд бояд намуд, ки ниҳолҳои дар назди соҳил шинонидашуда ба таҳдиди шусташавии мавзеъҳои хавфнок монеъ шуда, ба паст кардани хавфи офатҳои табии мусоидат менамоянд.
Қуватзода Д. Қ, капитан, сардори Шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи Кӯшониён