Вокуниш: Доир ба филми мустанади «Бешарафӣ»

      Баъд аз тамошои филми «Бешарафӣ» мутахассисони бахш чунин иброз намуданд, ки душманон ва бешарафмандоне, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ менамоянд, ба монанди Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигарон ба сиёсати сулҳпарваронаи кишвари мо дахолат намуда, бо роҳи иттилоот дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нооромиҳо ва нофаҳмиҳоро амалӣ намудан мехоҳанд. Бовари дорем, ки амали як қатор душманони миллат, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, ва мехоҳанд сулҳу оромии кишварро зери хатар гузоранд, ҳар як шахси солимфикро бетараф гузошта наметавонад. Чунон, ки аз ба ҳар яки мо маълум аст, шахсе, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунад, аз хоҷагони хориҷи худ маблағҳои ҳангуфт ва супоришҳо гирифта, онро бо роҳҳои гуногун иҷро менамоянд. Гулгулшукуфои ва пешрафти Тоҷикистон дар ҳамаи самтҳо ва ҷабҳаҳо хоҷагони хориҷии бешарафманд-душманони миллати тоҷикро хашмгин месозад. Онҳо Тоҷикистонро дар алангаи ҷангу ҷидол ва ба хокистар табдил ёфтанашро мехоҳанд. Ба ҳамин восита маблағҳои зиёдеро ба даст меоранд. Мо аз ҷанги дохилӣ хулосаҳо баровардаем ва сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, розӣ ҳастем. Хизматҳои шабонарӯзии ин шахси барӯманди миллат, Тоҷикистонро дар рўи олам маъруфу машҳур гардонид.Хислати инсондӯстии Ҷаноби Олӣ, барои мо тоҷикон дастури асосӣ барои корбарӣ ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мо аҳли кормандони бахш ба ин бешарафон муроҷиат намуда, амали онҳоро маҳкум менамоем ва ҳар қадар Тоҷикистонро дар рӯи ҷаҳон сиёҳ намоед ҳам, халқи тоҷик ба ҳам зич омада, зиракии сиёсиро аз даст нахоҳад дод ва барои боз ҳам шукуфоии Тоҷикистон меҳнат менамоем.

     Ба ҳамагон маълум аст, ки як гурӯҳӣ душманони давлат бо Ҳукумати Тоҷикистон ҷанги иттилооти-идеологиро ба роҳ андохта, таҳти сарпарастии хоҷагони хориҷии худ кӯшиш доранд, фазои осудаи кишвар ва оромии ҷомеаро халалдор созанд. Ин душманони миллат дар сар ҳавои бозгашт ба ҳаводиси хунини солҳои аввали истиқлолиятро дошта, барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопоки худ ба ҳар василае талош доранд ва мехоҳанд дар байни аҳолии Тоҷикистон тафриқа андозанд. Мардуми Тоҷикистон оқибатҳои фоҷиабор, ғаразу ҳадафҳои аслии ин гурӯҳӣ манфиатҷӯро медонанд ва аз макрашон ғофил нестанд. Мо дар қатори дигар ҳамдиёрони худ зидди чунин ашхоси бешараф ҳастем ва хоҳони онем, ки дигар дар Тоҷикистон ягон табаддулот ба вуқӯъ наояд. Мо аҳли кормандони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Кӯшониён, бар зидди чунин амалҳои ноҷавонмардонаи Муҳаммадиқболи Садриддин буда, ӯро ҳушдор месозем, ки халқи тоҷик дар атрофи сиёсати сулҳҷӯёнаи Президенти кишвар боз ҳам зичтар муттаҳид шуда, бо суханони Пешвои миллат гуфтанием «Халқи ободгари Тоҷикистон ба оянда ҳамеша назари неку бунёдкорона дорад ва дилпурона иброз менамоям, ки мо- ҳама якҷо барои боз ҳам ободу зебо гардондани Ватани азизамон содиқонаву софдилона заҳмат мекашем».

 

Холиқзода Г.А, мудири бахши САҲШ-и

ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.