Тибқи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, вобаста ба таҷлили ҷашни бошукуҳӣ миллӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 121 деҳаю маҳаллаҳои ноҳия чорабиниҳои идонаи оммавӣ аз оғози сол баргузор мегардад. Санаи 27 январи соли равон, дар деҳаи Файзи Истиқлоли Ҷамоати шаҳраки Бохтариён, бо иштироки Дилафрӯз Шукруллозода, муовини раиси ноҳия, Бибигул Изатуллозода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, Муслима Раҳмонова, мудири шуъбаи кор бо занон ва оила Холиқзода Г.А, мудири бахши САҲШ-и ноҳия, Ш.Ҷумаева, мудири бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, мактаби варзишӣ ва фаъолони деҳа чорабинии идона баргузор гардид. Дар доираи чорабиниҳо, якчанд озмунҳо аз қабили “Нонпази беҳтарини маҳал”, “Қадбонуи беҳтарин”, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, маҳфилҳои шеърхонӣ, чорабиниҳои варзишӣ, шинонидани ниҳоли дарахт ва гулу буттаҳо ва аёдати беморон, ятимон ва пирони рӯзгордида доир гардид. Дилафруз Шукруллозода, муовини раиси ноҳия ҳамаи сокинони деҳаро бо санаи муҳимми таърихӣ табрик намуда, баҳри дар сатҳи баланди маънавию сиёсӣ ташкил намудани чорабинӣ, ба сокинони деҳа миннатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро баён намуда, қайд карданд, ки минбаъд низ баҳри ободу зебо гардонидани деҳаю маҳаллӣ хеш аз ин ҳам бештар сайру талош варзем, то ин ки дар остонаи ҷашни бошукӯҳӣ миллӣ 30 – солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, афзуд ӯ. Дар фарҷоми чорабинӣ ба ғолибони озмунҳо ва иштирокчиёни фаъол тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён