Кӯшониён: Хушнуди аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кӯчаи Баҳори Ҷамоати шаҳраки Бустонқалъаи ноҳия

    Тибқи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, вобаста ба таҷлили ҷашни бошукуҳӣ миллӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 121 деҳаю маҳаллаҳои ноҳия чорабиниҳои идонаи оммавӣ аз оғози сол баргузор гашта истодааст. Санаи 2 феврали соли равон, дар кӯчаи Баҳори Ҷамоати шаҳраки Бустонқалъа, бо иштироки Дилафрӯз Шукруллозода, муовини раиси ноҳия, Бибигул Изатуллозода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, Ш.Ҷумаева, мудири бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Маҳмадализода Шукрона мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, кормандони мактаби варзишӣ ва фаъолони деҳа чорабинии идона баргузор гардид. Дар доираи чорабиниҳо, якчанд озмунҳо аз қабили “Нонпази беҳтарини маҳал”, “Қадбонуи беҳтарин”, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, маҳфилҳои шеърхонӣ, чорабиниҳои варзишӣ доир гардид. Дар суханронии худ Дилафруз Шукруллозода, муовини раиси ноҳия вобаста ба нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат ёдрас гашта, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат ҳар як фарди худогоҳу ватандӯст бояд каммари ҳиммат бандад. Инчунин ҳамаи сокинони кӯчаро бо санаи муҳимми таърихӣ 30 – солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, баҳри дар сатҳи баланди маънавию сиёсӣ ташкил намудани чорабинӣ, ба сокинони кӯча миннатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро баён намуданд. Дар фарҷоми чорабинӣ баҳри болидахотирии сокинони маҳал аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия сурудҳо дар васфи Ватану Тоҷикистон замзама гардид.

IMG_8315.JPG 2_55.jpg 1_4.jpg 3_62.jpg 4_36.jpg 5_31.jpg 6_30.jpg 7_24.jpg 8_24.jpg 9_16.jpg 10_14.jpg 11_34.jpg 12_34.jpg 13_28.jpg 

Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.