Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, таҳти Раёсати Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳия, Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Абдусаломзода Мунавара, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ва бо иштироки муовинони раиси ноҳия, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣи ҳизб, маҷлиси ҷамъбастии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён баргузор гардид. Дар маҷлиси ҷамъбастӣ масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
1.Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён, дар соли 2020 ва нақшаҳо барои соли 2021.
2.Дар бораи натиҷагирӣ аз ҷамъбастӣ обуна ба нашрияҳои “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ”.
3.Дар бораи ҷамъбасти муқоисакунии аъзои ҳизб, дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ.
4.Дар бораи таҳлили фаъолияти гурӯҳӣ вакилии ҳизбии назди Маҷлиси вакилони халқи ноҳия.
5.Дар бораи тасдиқ намудани нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён барои соли 2021.
6.Дар бораи ворид намудани тағйирот ба ҳайати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ва Раёсати он.
Аз рӯи масъалати 1-уми рӯзномаи маҷлис, Абдусаломзода Мунаварра, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён суханронӣ намуда, вобаста ба фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ҳисобот дод. Қайд гардид, ки КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ва ва аъзоёну ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ тавонистанд, тамоми нақша-чорабиниҳои дар зимма дошта сарбаландона иҷро намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Саҳми аъзоёни ҳизб, дар амалисозии Барномаи ҳизб ва дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар соли сипаригашта вобаста ба тарғибу ташвиқи ҳадафҳои миллӣ ва ободу зебо намудани Ватани азизамон назаррас арзёбӣ гардид, қайд намуд М.Абдусаломзода. Дар рафти кори ҷаласа масъалаҳои дигар низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар фарҷоми кори маҷлис Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳия ва Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон баромад намуда, оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён баён намуданд.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён