Кӯшониён: Тамрини ситодии мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Кӯшониён

       Имрӯз, субҳи барвақт дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси Амри раиси ноҳия, сардори мудофиаи граждании ноҳияи Кӯшониён аз 3 феврали соли 2021, №1 ва Нақша- чорабиниҳои асосии ноҳияи Кӯшониён оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода, дар соли 2021 бо мақсади санҷидани сатҳи омодагии ноҳия ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулода тамрини ситодии мудофиаи гражданӣ давраи зимистона дар мавзӯи “Амали ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи граждании ноҳияи Кӯшониён ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулода ва зери обмонии ҳудуди деҳаҳои Дустӣ ва Сари Пули Ҷамоати шаҳраки Бохтариён (Боридани боронҳои пай дар пай, баланд шудани сатҳи оби дарёи Вахш ва рахна шудани обанбори шаҳри Левакант)” баргузор гардид.

Тамрини ситодии мудофиаи граждании ноҳия соати 6 00 бо бонги эълони «Ҷамъшавӣ» барои ҳайати роҳбарикунанда ва ҳайати шахсии мудофиаи граждании ноҳия ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқулода эълон карда шуд. Ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ, сардорони мудофиаи граждании ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сардорони хадамотҳои мудофиаи гражданӣ ва сардорони зернизомҳои вазифавӣ Низоми ягонаи давлатии ноҳия бо теъдоди 70 нафар, дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳозир гаштанд. Мақсад аз гузаронидани чорабинии мудофиаи гражданӣ дар ноҳия ин санҷиши ҳолати омодагии ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ дар ҳолатҳои фавқулода мебошад. Сараввал аз тарафи раиси Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён оид ба ҳолатҳои фавқулода Вализода Икромиддин Сироҷиддин мақсад аз гузаронидани чорабинии мудофиаи гражданӣ фаҳмонида дода шуда, ҳайати шахсӣ вазифадор карда шуд, ки оид ба дар мавсими боронгариҳои соли 2021, дар ҳолати омодабошии доимӣ қарор дошта бошанд. Сипас аз тарафи Сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳия капитан Қуватзода Д.Қ. моҳият ва мақсади гузаронидани чорабинӣ дарҷ карда шуда, дар ҷараёни омӯзиш масъалаҳои таҳдиди зери об мондани аҳолии деҳаҳои Сари Пул ва Дустии Ҷамоати шаҳраки Бохтариён бар асари боридани боронҳои пай дар пай, баланд шудани сатҳи оби дарёи Вахш ва рахна шудани он баррасӣ шуд. Яъне таҳлил шуд, ки дар сурати рух додани ин гуна ҳодиса чӣ бояд кард, то хатари офат коҳиш ёбад. Дар рафти гузаронидани тамрини мазкур наворҳои зери хатари шусташавии деҳаҳои Дустӣ ва Сари Пули Ҷамоати шаҳраки Бохтариён тариқи проектор пахш карда шуд, баъдан вобаста ба Амри раиси ноҳияи Кӯшониён аз 3 феврали соли 2021, №6 оид ба ташкили корҳои пешгирикунанда аз офатҳои табиӣ дар деҳаҳои Дустӣ Сари Пули Ҷамоати шаҳраки Бохтариён ва мавзеъи муассисаи таълимии давлатии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат” воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Бустонқалъа ҷадвали сафарбар намудани қувва ва воситаҳои зернизоми вазифавии Низоми ягонаи давлатии ноҳия бо шумораи кормандон ва нақлиёт ба диққати иштирокчиёни тамрин расонида шуда, соати 8 00 ҳолати омодабошӣ “Бонги эълони ҷамъшавӣ” –и тамрини ноҳия ба анҷом расонида шуд.

2_57.jpg 3_64.jpg 4_38.jpg 5_33.jpg 

Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

 

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.