Имрӯз, бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, таҳти рақами АП-1140 дар бораи баргузории фестивали намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021" ва ҳамзамон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дар майдони Парчам ва Нишони давлатии ноҳия, бо иштироки ҳайати ҳакамон ва иштирокчиён аз тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, Фестивали ҷумҳуриявии "Чакомаи гесӯ" даврӣ ноҳиявӣ баргузор гардид. Мақсад аз баргузории Фестивали мазкур, тарғибу ташвиқи ашъори баландпоя ва суруди рақс, ривояту таронаҳои мардумӣ бахшида ба ҳусну тароват, ҷазобаи гесӯ, сарулибос ва ороишоти миллӣ, истифодаи маҳсулоти табиӣ ватанӣ дар парваришу нигоҳубини муй мебошад. Яке аз ҳадафҳои муҳимтарини Фестивал баланд бардоштани мақому манзалати сарулибоси миллӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли анвои гуногуни матоҳои миллӣ, аз қабили атласу шоҳӣ, чакану адрас, гулдасту чит, тоқи ва ғайра мебошад. Беҳтарин иштирокчиёни даври ноҳиявии озмун, ба даврӣ вилоятӣ роҳхат гирифтанд.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён