Тибқи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, вобаста ба таҷлили ҷашни бошукуҳӣ миллӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 121 деҳаю маҳаллаҳои ноҳия чорабиниҳои идонаи оммавӣ аз оғози сол баргузор гашта истодааст. Санаи 9 феврали соли равон, дар деҳаи Ваҳдати Ҷамоати деҳоти Навбаҳори, бо иштироки Бибигул Изатуллозода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, Холиқзода Гулракат, мудири бахши САҲШ, Ш.Ҷумаева, мудири бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Маҳмадализода Шукрона мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, кормандони мактаби варзишӣ ва фаъолони деҳа чорабинии идона баргузор гардид. Дар доираи чорабиниҳо, якчанд озмунҳо аз қабили “Нонпази беҳтарини маҳал”, “Қадбонуи беҳтарин”, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, маҳфилҳои шеърхонӣ, чорабиниҳои варзишӣ доир гардид. Дар суханронии худ Бибигул Изатуллозода, вобаста ба нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат ёдрас гашта, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат ҳар як фарди худогоҳу ватандӯст бояд каммари ҳиммат бандад. Инчунин ҳамаи сокинони деҳаро бо санаи муҳимми таърихӣ 30 – солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, баҳри дар сатҳи баланди маънавию сиёсӣ ташкил намудани чорабинӣ, ба сокинони деҳа миннатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро баён намуданд.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён