Кӯшониён: Рафти кишти картошка, дар хоҷагиҳои ёрирасон ва деҳқонии ноҳия.

     "Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳар як кишоварз ва ҳар як оиларо зарур аст, ки истифодаи самараноки замин, пеш аз ҳама, заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, захира кардану истифодаи тухмиҳои аълосифат ва бо ҳамин роҳ гирифтани то се ҳосилро, махсусан, дар соли 2021 таъмин намоянд».

     Аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

   Имрӯзҳо, сокинон ва кишоварзони сарбаланди ноҳия, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба самаранок истифодабарии замин, бештар истеҳсол намудани маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин васила саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории мамлакатро сармашқи кори худ намуда, аз бодуи ҳавои мусоид истифода намуда, кишти картошкаро бо истифода аз тухмиҳои аълосифат ва техникаи кишоварзӣ ба роҳ мондаанд. Айни замон, дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия кишти картошка бо маром рафта истодааст.

20210202_163230.jpg 20210202_163328.jpg 20210202_163921.jpg 20210205_165751.jpg 20210205_165840.jpg 

Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.