Кӯшониён: Ҷаласаи корӣ бо иштироки Салимзода Амонулло, муовини якуми раиси вилояти Хатлон ва қабули шаҳрвандон

   Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи реҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, қабули шаҳрвандони ноҳия аз тарафи Салимзода Амонулло, муовини якуми раиси вилояти Хатлон ва роҳбарияти ноҳия баргузор гардид. Дар ҷаласа, ҳамзамон тамоми роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоят, ноҳия ва сокинони ноҳия иштирок намуданд. Тибқи пешбурди қабули шаҳрвандон, сараввал муроҷиати шаҳрвандони номнависшуда мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар вохӯрӣ 15 нафар муроҷиати шаҳрвандони ноҳия, вобаста ба масълаҳои ташкили гармхонаҳои лимупарварӣ, дар хоҷагии деҳқонии Урунбобо, сохтмони пули мошингард, дар деҳаи Сароби Ҷамоати деҳоти Ориён, васл кардани симчуб ва трансформатор, дар деҳаи М.Гиёеви Ҷамоати деҳоти Ориён, сохтмони маркази саломатӣ, дар Ҷамоати шаҳраки Бустонқалъа аз тарафи сокинон, сохтмони бунгоҳи тиббӣ, маркази ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаи Ортоди Ҷамоати шаҳраки Бохтариён, сохтмони мактаб дар деҳаи Озодии Меҳнатӣ Ҷамоати шаҳраки Бустонқалъа, сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар Ҷамоати шаҳраки Бустонқалъа, тоза намудани заҳбуру заҳкаш дар деҳаи Мирзо Турсунзодаи Ҷамоати деҳоти Заргар, гузаронидани қубурҳои обгузар дар деҳаи Б.Ҳосилоти Ҷамоати деҳоти Заргар, таъмин намудани аробачаи маъюбӣ, сохтмони пайраҳа дар деҳаи Хурсандии Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод барои мактаббачагон шунида шуда, ба масъулини сохторҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ, дастур дода шуд, ки тибқи қонунҳои амалкунанда муроҷиати шаҳрвандон баррасӣ гардида, дар муҳлатҳои муайян қонеъ карда шавад. Баъд аз шунидани муроҷиати шаҳрвандон, пурсиши роҳбарони як қатор ташкилоту идораҳои ноҳия ба амал омада, дастуру супоришҳо дода шуд, ки ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмиллалӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагиҳои ҳамаҷониба ба кишти баҳорӣ ва дигар масъалаҳои ҳалталаб чораҳои зарурӣ андешида шавад.

21_14.jpg 22_14.jpg 23_12.jpg 24_9.jpg 25_7.jpg 26_8.jpg 27_4.jpg 

Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.