Ҳамасола 23 феврал-рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо як шукуҳу шаҳомати хосса, дар кишвари азизамон ҷашн гирифта мешавад. Имрӯз ҳамаи мардуми шарифу сарбаландӣ Тоҷикистон, дар арафаи ҷашнгрии 30-солагии Истиқлолият давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва бо тамоми ҳастӣ дарк менамояд, ки истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва нерӯи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад ва артиши миллӣ ҳимоятгарӣ давлат ва марзу буми Ватан аст. Инак, бо гузашти вақт мо дар остонаи санаи 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳӣ Ҷумҳурии Точикистон қарор дорем. Бинобар ин, аз фурсати муносиб истифода намуда, ба шарафи ин ҷашни фархундаву муборак, ҳамаи Шумо ҳозирини гиромӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва ҳомиёни ватанро самимона табрик гуфта бароятон саломатии бардавом, саодати рӯзгор, хушбахтию сарбаландӣ ва дар роҳи ҳимояи марзу буми кишвар, ҳифз намудани сарзамини муқаддасамон барору комёбиҳоро таманно дорам. Таҷрибаи давлатдории халқҳои олам собит менамояд, ки ҳастии ҳар давлату ҷомеа ва рушди озодонаи ҳар як фарди он маҳз ба истиқлолияти давлатӣ ҳамчун кафолати муҳимтарини бақои миллату давлат вобастагии калон дорад.
Артиши миллии мо пас аз соҳибистиқлолии давлатӣ ҷавонамон дар вазъияти ниҳоят мушкили сиёсӣ, дар ҳоле таъсис ёфт, ки ҳеҷ пойгоҳи аввалия ва ё заминаҳои моддию техникии ҳарбӣ, дар мамлакат вуҷуд надошт. Коршиносони дохилию хориҷӣ низ ин нуқтаи назарро эътироф мекунанд, ки Тоҷикистон ягона кишварест, ки аз Ҳукумати Шӯравӣ меросе набурдааст, вале дар натиҷаи андешидани ҳамаи тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои Миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҷузъу томҳои он дар як муддати начандон тӯлони барои ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва дастовардҳои истиқлолияти кишварамон омодаи хизмат гардидаанд. Хушбахтона, бо шарофати хираду заковати азалии миллати тоқик ва ҷонбозиву фидокориҳои фарзандони далеру шуҷои халқамон аз ҷумла афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи нав таъсиси кишварамон мо тавонистем, ки аз вартаи фалокатвор раҳоӣ ёфта ба хотири бунёди давлати ҷавони миллиамон нахустин қадамҳои худро гузорем ва минбаъд онро пойдору устувор гардонем. Аз ин рӯ бо итминони комил гуфта метавонем, ки Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатамон ҳамчун зодаи даврони истиқлолият ба ҳайси яке аз рукнҳои асосии давлат дар роҳи ҳифзи дастовардҳои он ба камол расидаанд.
Онҳо дар роҳи пурпечутоби ба эътидол овардани вазъият дар мамлакат, таъмини якпорчагӣ, мубориза алайҳи дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, ҳифзи сулҳу суббот, фурӯ нишондани ошӯбҳои ғаразноку исёнгарона ва зарбаи қатъи задан ба зархаридони қувваҳои хориҷӣ нобуд ва безарар гардонидани гурӯҳҳои экстримистиву терористӣ ва дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткорӣ хизматҳои шоиставу таърихиро анҷом доданд. Таҳавулоту ҳодисоти вақтҳои охир ба амал омада бахусус, вазъи зуд тағйирёбандаи ҳарбиву сиёсии сайёра, аз ҷумла минтақа, торафт густариш ёфтани доираи фаъолияти гурӯҳи созмонҳои террористиву экстремистӣ, инчунин гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷинояткорӣ фаромиллӣ аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ тақозо менамояд, ки дар самти ҳимояи Истиқлоли Ватани азизамон, ҳифзи амнияту давлату ҷомеа ва зиндагии ороми сокинони мамлакат доимо зираку ҳушёр ва омода бошанд. Мо бисту ҳашт солагии бунёди Артиши миллиро, дар шароите ҷашн мегирем, ки Ватани азизамон ба марҳилаи нави тараққиёт ворид гардида, барои таҳкими сулҳу суббот, озодӣ ва арзишҳои милливу давлатӣ қадамҳои боз ҳам устувортаре мегузорад, аз ин рӯ ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки дар атрофии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин марди ватандӯсту меҳанпараст муттаҳид шуда якпорчагии Тоҷикистони азизро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Махсусан, хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҷавонон бояд фаромӯш насозанд, ки мардуми Тоҷикистон масъулияти ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту суботи кишвар ва ободиву пешрафти мамлакатро ба зимаи Шумо вогузор намудаанд.Мардуми кишвар дар симои Шумо, фарзандони бо нангу номус ва далеру шуҷои худро мебинад, ки ба халқу Ватани худ ҳамеша вафодор ҳастанд.
Аз ин лиҳоз, ҳар яки шуморо зарур аст, ки тамоми азму ирода ва неруву малакаи касбии худро барои хизмат ба халқу Ватани маҳбубамон ва сазовор будан ба эътимоду боварии сокинони кишвар сафарбар намоед.Ҳар яки мо бояд дарк намоем, ки ватандӯстӣ ин арзи садоқат ба Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли худ буда, дар эҳтиром ва пос доштани арзишҳои миллӣ ва аз тамоми манфиатҳо боло гузоштани манфиати миллату давлат зоҳир мегардад. Боварӣ дорам, ки шумо хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҷавонон ҳамеша ба ватани худ содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан-Модар, миллат ва давлати Тоҷикистон бо сарбаландӣ иҷро мекунед.Аз ин фурсати муносиб истифода бурда бори дигар ҳамаи Шуморо ба ифтихори ҷашни 28-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба ҳар кадоми Шумо тансиҳативу хонаободи, рӯзгори неку осоишта, барори кор ва ба кишвари маҳбубамон, Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр сулҳу субботу оромии ҷовидонӣ орзу менамоям.
Ҷашн муборак, ҳомиёни
шуҷоъ ва далерони ватан!