
Модарон ва бонувони азиз!
Аслу ҷавҳари «Рӯзи Модар»-ро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба зан-модар ташкил медиҳад. Модар он чашмаи хурушонест, ки ҳастии моро аз файзи худ шодоб мегардонад. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Модар рамзи ҷовидонаи меҳру вафо ва идомабахши насли инсон аст ва агар нури офтоб ҷаҳонро файзу хуррамӣ бахшад, пас зан – модар бо меҳру муҳаббат ва раҳму шавқати хеш сарчашмаи зиндагӣ ва гармии ҳар як хонаводаи мо мебошад. Зан-Модар тоҷи офариниш аст. Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукуҳ аз осмон, борондагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳонӣ аз андалебро қатра- қатра ҷамъ карда занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад.
Ба оғози фасли баҳор рост омадани иди занон рамзи шукуфоӣ ва мазҳари зебоӣ буда, озодагиву нафосат ва сарсабзию таровати ин фаслро дучанд меафзояд. Дар ин падида рамзи амиқе ҳаст, ки он ба сиришти неку созанда ва ниҳоди поки модарон пайвандӣ касб кардааст. Зеро, Зан ва Баҳор дар рушди зиндагӣ нақши тавъам доранд. Бешак, сарчашма ва сабаби ҳастии башарият Зан-Модар аст. Бонувони иззатманди Тоҷикистони азиз таҷассуми хираду маърифат, одобу ахлоқи ҳамида ва ободии рӯзгору пешрафти ҷомеа мебошанд. Нақши созандаи бонувони кишвар аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Паёми имсолаашон ба таври хосса таъкид гардид. Бузургии зан – Модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Зеро оила ниҳоди асосии ҷомеа, манбаи парваришу тарбияи нерӯи зеҳниву ҷисмонӣ ва идомадиҳандаи наслҳо маҳсуб мешавад. Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи поку созанда, сатҳи маърифат ва саломатии зан-модар вобаста аст.
Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста ва ҳатто муайянкунанда мебошад. Аз ин рӯ, фаромӯш набояд кард, ки волидайн ва махсусан модарони имрӯза фарзандони худро ба камол расонида, ҳамзамон таърихи ояндаи Ватани хеш, гузашта аз ин таърихи ояндаи башарро эҷод мекунанд. Бинобар ин, худи модарон бояд соҳибмаърифату бофарҳанг ва дорои ҷаҳонбинии васеъ бошанд, то ки дар тарбияву парасторӣ, камолоти маънавию ҷисмонӣ ва ба ҳаёти мустақилона омода кардани фарзандонашон нақшу мақоми онҳо ба хуби эҳсос гардад. Зан- модари тоҷик, дар тамоми давраҳои таърихии халқамон барои ҳастии забон, пойдории миллат ва рушди фарҳанги миллӣ ғамхорона ва содиқона хизмат кардааст.Боиси хурсандист, ки имрӯз сафи занони фаъолу роҳбар дар ноҳияи Кӯшониён кам набуда, ин шумора ба 290 нафар расидаст, ки онҳо аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои худ бо сарбаландӣ баромада истодаанд ва барои пешрафти ҷомеаи имрӯзаи мо саъю кӯшиш доранд. Боиси қайд аст, ки кишвари азизамон дар остонаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ҳадафи асосии ин иқдом, агар аз як тараф рушд намудани деҳот бошад, пас аз тарафи дигар ин эҳё намудан ва густариш додани ҳунарҳои аҷдодӣ, ташаккули фарҳанги хонаводагӣ, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ва таъмини ҷойҳои нави корӣ, алалхусус, барои бонувону ҷавондухтарон мебошад. Албатта, занону бонувони ноҳия дар ривоҷу равнақ додани ҳунарҳои мардумӣ саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд. Занону бонувон дар рушди соҳаи кишоварзӣ низ саъю кӯшиш намуда, дар таъмини сабзавотҳои барвақтӣ дасти расо доранд. Мо ифтихор мекунем, ки дар ноҳия зиёда аз 400 адад хоҷагиҳои деҳқониро занон роҳбарӣ менамоянд.
Мо ҳама бояд хуб эҳсос ва дарк намоем, ки ободии Ватан аз ободии ҳар як оила ва ҳар як манзили истиқоматӣ ибтидо мегирад. Ободии хонадон ба солимии ҷисму рӯҳ, дунёи маънавӣ, маърифат, ҳунари кадбонугӣ, ҳавсала ва завқи бадеии зан-модар вобаста аст. Бо дарназардошти ин, ҳар як зани тоҷик, ки ободии Ватан ва хонадони худро мехоҳад, бояд пеш аз ҳама барои тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зисти худ, хонаву ҳавлии худ ва деҳаву ноҳияи худ кӯшиш ба харҷ диҳад. Зеро, зан чароғи хонадон, машъалафрӯзи оила ва тароватбахши зиндагӣ аст. Пойдор ва солим будани муҳити оилавӣ инчунин мавҷудияти низом ва сатҳи зарурии зиндагӣ дар ҳар як хонадон ба сатҳи маърифати занон вобастагии калон аст. Аз ин рӯ, бояд занон соҳибмаърифат ва тибқи таъомули шарқиёна некодобу хушрафтор, хушгуфтору накӯкирдор ва барои тарбияи хуби фарзандон, ба ҳаёти мустақилона ҳаматарафа омода намудани онҳо ҷаҳонбинии васеъ дошта бошанд. Мо ба закомати азалӣ ва нерӯи созандаи занони фарзона ва оқилаи ноҳия ҳамеша такя менамоем, зеро онҳо дар баробари ба ҷо овардани рисолати аслии худ- таҳкиму устувор гардонидани хонадон, тарбияи шоистаи фарзандони боодобу соҳибмаърифат, бонангу номус, ватандӯсту худшинос, инчунин бо ташаббусҳои пайгиронаи худ дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар саҳми босазо хоҳанд гузошт. Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ рӯзи 26 январи соли равон қайд намуданд, ки «Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад». Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён бо мақсади таъмини суботи сартосарӣ, солимии оила, баланд бардоштани маърифати оиладории ҷомеа кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки аз ҳамаи имкониятҳо истифода намуда, ба вазифаҳои роҳбарикунанда занону бонувони арзандаро интихоб ва пешниҳод намояд. Дар фарҷоми сухан ҳамаи шумо-гулҳои ҳамешабаҳори боғи зиндагӣ ва дар симои шумо тамоми занону модарон ва бонувонро бори дигар ба ифтихори бузургдошти «Рӯзи модар» ва фарорасии ҷашни ҷаҳонии Наврӯз, ки бо гузашти якчанд рӯз ба дилу ҷони мо шодиву фараҳ меорад, самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтиву саодатмандӣ ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.
Идатон муборак, модарону хоҳарон ва бонувони азиз!