Кӯшониён: Ифтитоҳи иншоотҳои ҷашнӣ

    Имрӯз, дар идомаи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба “Рӯзи модар” ва омодагиҳо ба ҷашни бошукуҳӣ миллӣ, 30 –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки Салимзода Амонулло, муовини аввали раиси вилояти Хатлон ва роҳбарияти ноҳия, иншоотҳои ҷашнӣ ба истифода дода шуданд. Сараввал меҳмонон, маркази хизматрасонии нақлиётӣ ва нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, ки аз тарафи соҳбкорӣ маҳаллӣ Раҳматов Анвар бо харҷи беш аз 180 ҳазор сомонӣ азнавсозӣ гардидааст, ба истифода доданд. Иншооти мазкур, дар мӯҳлати кӯтоҳтарин бо тарҳи замонавӣ азнавсозӣ гардида, беш аз 10 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои корӣ доимӣ таъмин гардиданд. Сипас, дар маркази ноҳия, мағозаи фурӯши маҳсулоти қаннодӣ, ки аз тарафи оилаи Раҳимовҳо бо тарҳи замонавӣ, бо харҷи беш аз 130 ҳазор сомонӣ бунёд гардидаст, дар вазъиятӣ тантанвӣ ба истифода дода шуд. Иншооти мазкур, ба симои шаҳраки Исмоили Сомонӣ боз ҳам зебу зиннати хосса бахшида, сокинони ноҳия ва меҳмонон баъд аз ифтитоҳи ин иншоот, метавонанд аз маҳсулоти бо сифати қаннодӣ баҳравар гарданд. Ба ҳарду соҳибкори ватандӯст барои саҳм гузоштан дар ободонии ноҳия ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супорида шуд.

2_69.jpg 3_77.jpg 4_50.jpg 5_45.jpg 6_42.jpg 7_36.jpg 8_34.jpg 9_26.jpg 

Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.