ПАЁМ- РОҲНАМОИ ЗИНДАГИИ ОСОИШТА
Имрӯз,тибқи реҷаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҳти Раёсати Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳия, вохӯрии Холиқзода Абдураҳим ва Шодиён Муҳаммад Султонзода, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ноҳия баргузор гардид. Дар вохӯрӣ, тамоми нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои муззами миллат мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳамзамон аз тарафи меҳмонон қайд карда шуд, ки баҳри иҷрои тамоми дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки дар Паёми хеш дарҷ гардидааст, тамоми кӯшишу ғайрати худро ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри пешрафт ва ободонию созандагии Ватани азизамон равона намоем. Тибқи нақша, вохӯрии вакилон дар 8 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия, бо фаъолон ва сокинон гузаронида мешавад.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён