Бо мақсади татбиқи амалии иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, АП№1059 «Дар бораи таҷлили 30-солагии истиқлолияти давлатии ҷумҳурии тоҷикистон» ва нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия марҳила ба марҳила бо дастгирии ташкилоту идораҳо ва соҳибкорони ватандӯст, кӯчаю маҳаллаҳои ноҳия равшаннамоӣ гардида истодаанд. Дар доираи ин нақша-чорабинӣ ва бахшида ба Наврӯзи байналмиллалӣ зиёда аз 2 километри роҳи деҳаҳои Орзу ва Боғпарварӣ Ҷамоати шаҳраки Бустонқалъа равшаннамоӣ гардиданд.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён