Т А Б Р И К О Т И Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳияи Кӯшониён ба муносибати «Иди байналмилалии Наврӯз»

    Ҳамдиёрони азиз!

  Ҷашни Наврӯзи оламафрӯзро ба ҳамаи сокинони сарбаландӣ ноҳия самимона табрик гуфта, ба ҳамагон тансиҳативу хонаободӣ, хотирҷамъӣ ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу ваҳдати пойдор орзу менамоям. Иди фархунда ва бостонии миллиамон-Наврӯзи Аҷам имрӯзҳо бо ҳусни нави баҳорона ба сарзамини куҳанбунёдамон қадам ниҳода, ба хонадони мардуми кишварамон шодиву нишот ва файзу баракат, ба дили пиру ҷавон умеду орзуҳои наҷиб ҳадя оварда, аз омадани фасли зебои баҳор ва оғози Соли нави аҷдодӣ мужда мерасонад. Ин мужда рамзи офариниши ҳаёт, эҳёи табиат ва оғози тозаи зиндагӣ буда, ҳамзамон чун суннати қадимаи ниёгони ориёии мо маънои пирӯзии нур бар зулмот ва тантанаи некӣ бар бадиро ифода месозад. Наврӯз рамзи рӯзи нав, ибтидои соли нав ва иқдому амалҳои нави ободонию бунёдкориҳо буда, нишонаи пешрафти тафаккури созандаву бунёдкоронаи мардуми ориёнажод мебошад. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: «Наврӯз пайки шодиву сурур, шукуфоиву зебоӣ, оғози киштукори баҳорӣ, паёми эҳёи табиат ва гардише дар рӯҳу ҷони одамон падид меоварад». Бо қадами мубораки Наврӯз табиат ба гулистон табдил ёфта, бо ҷомаи сабзи худ ба мо зиндагии хуш ва нуру сафоро ҳадя меорад. Пайки нахустини Наврӯз нур ва равшании офтоб буда, аз дурахши он гулу баргҳои дарахтон шукуфон ва табиат сабзпӯш мегардад. Бо омадани Наврӯз ҳар як хонадони кишвари мо аз шодиву фараҳ лабрез мегардад ва паёми сабзи ошноӣ хурду калонро дар наврӯзгоҳҳои идона сарҷамъ месозад. Дар арафаи иди Наврӯз ҳар як фард ботини худро аз кинаву қудрат пок карда, манзилу хонаи зист, сару либос ва тамоми ашёи рӯзгорашонро тоза ороста менамоянд. Хонаҳоро сафед мекунанд, то бахти сафед ҳамеша ёрашон бошад, дастархон меороянд, то файзу баракат аз хонадонашон канда нашавад, гул мегардонанд, то гули бахташон шукуфон бимонад, об мепошанд, то ҳама сол сероб гардад, донаи умед мекоранд, то файзи хирману баракати ҳосил дучанд афзояд.

    Аз ҳама муҳим, бо меҳру муҳаббат ба якдигар оғӯш мекушоянд, беморон ва пирони барнодилро зиёрат менамоянд, ба ятимону оилаҳои камбизоат кӯмак мерасонанд ва амалҳои неку писандидаро вазифаи муқаддас ва қарзи инсонии хеш мешуморанд. Наврӯз куҳантарин суннатҳои аҷдодии мардуми моро аз нав эҳё намуда, ҳувият ва ифтихори миллӣ, руҳи инсондӯстию ватанпарварии мардуми шарифи диёрамонро бори дигар ба таҳрик оварда, меҳру садоқат ба Модар-Ватанро дар дили ҳар фард бедор мекунад. Наврӯз рамзи баҳор - оғози баракати сол аст. Баракати ҳосили деҳқон аз заҳмати рӯзафзуни фасли баҳор оғоз мегардад. Баҳори имсол ба кишвари мо бо пайки наву таровати тозаи наврӯзӣ қадам ранҷа намудааст, зеро мардуми шарафманди тоҷик, аз ҷумла заҳматкашони ноҳия, дар арафаи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бо неруву ғайрати дучанд ба киштукори баҳорӣ ва ободонии Ватани азизамон камар бастаанд, то ки кишвари офтобию ҳамешабаҳорамонро боз ҳам зеботару нурафзотар гардонанд. Дар ин радиф мову шуморо зарур аст, ки бо дарки амиқи рисолати таърихӣ ва қарзи шаҳрвандии хеш ва бо шукргузорӣ аз даврони истиқлолият ва давлатдории миллӣ, баҳри шукуфоии диёри худ камари ҳиммат баста, фаъолияти бунёдкориро ба меъёри ҳаррӯзаи зиндагӣ табдил диҳем, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва эҳсоси ватандӯстиву ифтихори ватандориро вазифаи муқаддаси худ шуморем ва бо меҳнати бунёдкоронаи худ дар шукуфоии Ватани азизамон саҳмгузор бошем, зеро, Истиқлолияти давлатӣ заминаи мусоид фароҳам овард, ки мо аз таъриху тамаддуни худ ёд кардему, зери сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи арзишҳои миллии худ пардохтем, ки дар таърихи куҳани ҷашни Наврӯз саҳифаи таърихии дигар кушода шуд. Ин саҳифа эҳтироми мардуми тоҷикро нисбат ба арзиши қадимӣ ва қадршиносии онро барои ояндагони мо муаррифгар шуд. Ин иқдом аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки талоши ба феҳрасти мероси фарҳангии ҷаҳон ворид намудани ҷашни Наврӯзро кард ва аз тарафи муассисаи илмӣ ва фарҳангии Созмони Милалӣ Муттаҳид, моҳи майи соли 2009 дастгири ёфт. Оре, бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳақиқат Тоҷикистон ватани аслии Наврӯз шуд ва яке аз аввалин кишварҳое буд, ки ин ҷашнро дар сатҳи байналмилалӣ бо ширкати роҳбарони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар сатҳи баланд таҷлил кард. Бо мақсади рӯи кор омадани фарҳанги бою пурқановати гузаштагонамон Ҳукумати кишвар пайваста тадбирҳое роҳандозӣ намуда истодаанд, ки боиси ифтихори миллати мо мебошад. Зинда кардани тамаддуни аҷдодонамон ва бадин васила бори дигар ба тамоми олам муаррифӣ намудани арзишҳои миллии мо ва ҳифзи ин арзишҳо кору пайкор, доимии фарзанди баруманди халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон гардидааст, ки ҳар яки мо бояд бечунучаро ба қадру манзалати он бирасем. Имрӯзҳо Ҳукумати кишвар бо эҳёи анъанаҳои миллӣ ҳамаи мову Шуморо ба иттиҳоду ҳамбастагӣ, эҳтирому пос доштани арзишҳои миллию фарҳанги оламшумуламон ва дӯстиву меҳру муҳаббат нисбати якдигар даъват намуда, барои фароҳам овардани зиндагии шоиста ба ҳар як хонадон ҷаҳду талошҳо намуда истодаанд.

    Мусаллам аст, ки барои дар амал татбиқ намудани сиёсати бунёдкорию созандагӣ тӯли солҳои охир, Ҳукумати кишвар пайваста тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, барои рушди иқтисодию иҷтимоии давлат, устувор намудани заминаи моддию техникии соҳаҳои мухталифи давлатдорӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонида ба ҳадафҳои Стратегии худ ноил гардида истодааст. Дар ин радиф мардуми сарбаланду меҳнаткаши ноҳияи мо низ барои рушду нумӯи Ватани азизамон нақши худро гузошта истодаанд.Ҷиҳати иҷрои супоришҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми ноҳия дар тамоми соҳаҳои хоҷагии қишлоқ пайваста заҳмат кашида, корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободу зебо гардонидани маҳалҳои зистро пешаи худ намуданд. Боиси қайд аст, ки чун ба Наврӯз мерасем, беихтиёр андеша аз он мекунем, ки аз Наврӯз то Наврӯз чӣ корҳои неку созандаро ба сомон расонидаву, кадом қуллаҳои баландро фатҳ намудаем.  Бо ин таманниёти нек тамоми мардуми ноҳияро ба муносибати фарорасии Наврӯз табрику муборакбод намуда, ба ҳамагон осмони софу беғубор, зиндагии бобарор ва саодатмандию сарбаландии рӯзгорро таманно менамоям. Бигзор файзу баракати Наврӯз ба зиндагии ҳар фард рангу таровати тоза бахшида, дастархони ҳар хонадонро пур аз нозу неъмат гардонад.

163318804_165859905375367_7496496696447821668_n.jpg 

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.