САФАРИ КОРИИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА НОҲИЯИ КӮШОНИЁНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Ифтитоҳи бинои Маркази саломатӣ ва меҳмонхона дар ноҳияи Кушониён

26 март дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Кӯшониён бинои нави маркази тандурустии “Ваҳдат”-ро, ки бо тарҳи хеле зебову замонавӣ аз ҷониби соҳибкорӣ ватандӯст Фақерзода Анвар бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд. Дар ин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи марти соли 2019 бо истифода аз масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ ва ҷалби бинокорони маҳаллӣ оғоз гардида, моҳи марти соли 2021 бо сифати баланди сохтмонӣ ва ҷавобгу ба меъёрҳои миллию ҷаҳонӣ ба анҷом расид. Акнун бо бунёди чунин маркази муосири тиббӣ 58 ҷойи нави корӣ муҳайё гардида, мутахассисони соҳибкасби маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд. Иншооти тандурустии мазкур бо тарҳу усули муосир бунёд гардида, аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, бо таҷҳизоти замонавии соҳавӣ насбу васл шуда, дорои 35 ҳуҷра ва 40 кати хобӣ барои беморон мебошад. Дар ошёнаҳои бинои марказ 9 ҳуҷраи корӣ, аз ҷумла утоқи бақайдгирӣ, гушаи гиёҳдармонӣ, ҳуҷраи момадоя, духтури кӯдакона, амрози даруна, ҳуҷраи ултрасадо, табобати дандон, ҳуҷраи хатна, ҳуҷраи табиби чашм, эндоскапия, шӯъбаи ҷарроҳӣ ва эҳиёгарӣ, шӯъбаи амрози даруна ва қалб ҷойгир мебошанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои нави саломатиро дар рӯзҳои омодагии ҳамаҷониба барои истиқбол аз ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳифзу нигаҳдошти солимии аҳолӣ ба кормандони соҳа табрик намуданд. Маркази мазкур бо таҷҳизоти муосири соҳавии тиббиву табобатӣ таъмин гардидааст ва мутахассисони кордон имкон доранд, ки ҳама намуди бемориро дар маркази мазкур бо сифати баланди хизматрасонӣ ва саривақт муолиҷа намоянд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчнин дар паҳлуи маркази саломатӣ иншооти хизматрасонии “Ваҳдат”-ро ифтитоҳ намуданд. Бунёди иншооти хизматрасонӣ дар заминаи дастгириҳои Ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифта, дар доираи амалишавии ҳадафҳо ҷиҳати бо шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ, таъмин ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дастгирии соҳибкорон амалӣ гардидааст,ки боз 50 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд. Иншооти хизматрасонии мазкур аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Фақерзода Анвар дар мудати як сол бунёд гардида, аз се ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар марказ мағозаи хурокворӣ, дорухона, сартарошхона ва як тарабхона барои 300 нафар, толори маҷлисгоҳ бо мизу курсиҳо муҷаҳҳаз, ҷойгир мебошанд. Мавриди зикр аст, ки иншооти хизматрасонии мазкур бо унсурҳои нави милливу замонавӣ тарҳрезӣ ва сохта шуда, барои дар сатҳи баланд хизмат расонидан мутобиқ мебошад. Саҳни бинои меҳмонхона ва Маркази саломатии “Ваҳдат” дар масоҳати 700 метри мураббаъ сафолакпуш карда шуда, гирду атрофи иншоот бо шинонидани гулҳои мавсимӣ ва дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ сабзу хуррам гардонида шудааст. Дар ин маркази муосир, ки аз меҳмонхона, маркази тиббӣ ва мағозаву нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ иборат мебошад, дар маҷмуъ зиёда аз 100 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби корӣ доимӣ шуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми шоистаи сокинони ватандӯст баҳои баланд доданд.

2_74.jpg 3_82.jpg 4_55.jpg 5_49.jpg 

www.president.tj

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.